Ru  | Tj
Як голи “Персиполис” “Истиқлол”- ро аз идомаи сабқат дар Лигаи қаҳрамонони Осиё маҳрум кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Як голи “Персиполис” “Истиқлол”- ро аз идомаи сабқат дар Лигаи қаҳрамонони Осиё маҳрум кард
Акс: SPORTS.tj

Як голи “Персиполис” “Истиқлол”- ро аз идомаи сабқат дар Лигаи қаҳрамонони Осиё маҳрум кард

Нашр шуд

Тими “Истиқлол”-и Душанбе дирӯз дар даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё аз дастаи “Персиполис” – и Эрон шикаст хӯрд.

“Истиқлол” ба муқобили тими "Персеполис" - и Эрон бозии ҷаззобу дидание нишон дод, аммо як голи дастаи меҳмон дар охирин дақиқаи бозӣ “Истиқлол” – ро ба шикаст мувоҷеҳ карду аз идомаи сабқат дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё мағлуб намуд.

Ин бозӣ шоми дирӯз дар ҳузури беш аз 18 ҳазор мухлис дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардид.

Голи ягонаи бозиро футболбози эронӣ Маҳдӣ Торобӣ дар дақиқаи 90-ум дидор ба ҳадаф расонд ва дастаашро ба даври чорякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бурд.

Бояд гуфт, ки “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 бо касби мақоми аввал дар гурӯҳи “А” ба даври ҳаштяниҳоӣ роҳ ёфта буд.

Дастаи "Персеполис" - и Эрон аз пурқувваттарин тимҳои осиёӣ унвон мешавад ва соли гузашта то ба финали Лигаи қаҳрамонҳои Осиё расида буд.

Дастаҳои футболи «Истиқлол» ва АГМК-и Ӯзбекистон қувваозмоӣ мекунанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед