Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Як мансабдори собиқи Афғонистон дар Эрон бо иттиҳоми "сарбозгирӣ" барои ҳукумати Украина боздошт шуд
Нашр шуд
Бархе аз расонаҳои форсизабон гузориш додаанд, ки Ҳошим Раис, волии пешини Ҷӯзҷон, ба иттиҳоми ҷалб кардани афғонистониҳои бебизоат ба ҷанги Украина аз сӯи нерӯҳои амниятии Эрон боздошт шудааст.
"Mashreqnews" ва "Радиои Фардо" аз ҷумлаи расонаҳое ҳастанд, ки аз боздошти волии собиқи Ҷӯзҷон аз сӯи нерӯҳои амниятии Эрон хабар доданд.
“Mashreqnews” хабар дод, ки Ҳошим Раис, аз сӯи нерӯҳои амниятии Эрон ба иттиҳоми ҷалби нерӯҳои афғонистонӣ ба ҳукумати Украина боздошт шудааст.
Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои амниятии Эрон аз Ҳошим Раис ҳамчунин, ҳудуди 300 ҳазор доллар низ ба даст овардаанд.
Гузориши “Mashreqnews” ҳамчунин тафсилотеро ироа кардааст, ки Ҳошим Раис ба паноҳандагони афғони муқими Эрон пешниҳод кардааст, ки дар ивази пул ва имтиёз ба Украина бираванд ва дар дифоъ аз ҷуғрофиёи ин кишвар дар канори нерӯҳои Украина ҷанг кунанд.
Вай инчунин муҳоҷиронро, фиреб додааст, ки дар охири ҷанг шаҳрвандии Украина низ ба онҳо дода мешавад.
Гузоришҳои қаблӣ дар бораи боздошти Ҳошим Раис аз сӯи нерӯҳои амниятии Эрон мунташир шуда буд ва мақомоти Эрон ин хабарро таъйид карданд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед