Ru  | Tj
“Як таксӣ” дар Душанбе ҳашт электромобилҳо ба хидмати мизоҷон гузошт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“Як таксӣ” дар Душанбе ҳашт электромобилҳо ба хидмати мизоҷон гузошт
Акс: ASIA-Plus

“Як таксӣ” дар Душанбе ҳашт электромобилҳо ба хидмати мизоҷон гузошт

Нашр шуд

Ширкати “Як таксӣ” имрӯз дар Душанбе бори аввал ҳашт электромобили тамғаи Volkswagen Е- Lavada-ро мавриди истифода қарор дод.

Ба гузориши “Ховар”, ширкати “Як таксӣ” имрӯз шумори мошинҳояшро бо ҳашт электромобил бештар карда, қасд дорад, рӯзҳои наздик боз 100 адад электромобили дигарро вориди Тоҷикистон намояд.

Гуфта мешавад, дар маросими муаррифии электромобилҳо муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода ва намояндагони вазорату идораҳои зидахл ширкат намудаанд.

Манбаъ меафзояд, директори ширкати «Як таксӣ» Исматулло Ҳакимов гуфтааст, ки хароҷоти умумии солона барои нигаҳдорӣ ва истифодаи нақлиёти барқӣ нисбат ба хароҷоти солонаи дигар навъи нақлиёт дар як сол ба 32,1 фоиз баробар аст.

Ӯ таъкид доштааст, ки «Як таксӣ» тасмим гирифтааст, дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон корхонаи муштараки истеҳсоли нақлиёти электромобилро бо соҳибкорони чинӣ бунёд намояд.

Ин дар ҳолест, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ дар моҳи декабр гуфта буд, ки воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд.

“Як таксӣ” яке аз ширкатҳои маъруфи мусофиркашон дар пойтахти Тоҷикистон аст, ки соли 2018 таъсис ёфтааст.

Ба мошинҳои мусофиркаш аз минтақаҳо вориди Душанбе шудан манъ аст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед