Ru  | Tj
Яке аз беҳтарин навозандагони дунё дар Душанбе барномаи ҳунарӣ иҷро мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Яке аз беҳтарин навозандагони дунё дар Душанбе барномаи ҳунарӣ иҷро мекунад
Акс: Интернет

Яке аз беҳтарин навозандагони дунё дар Душанбе барномаи ҳунарӣ иҷро мекунад

Нашр шуд

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст, ки Франсуа Шаплен барои иҷрои як баронмаи ҳунарӣ ба Душанбе омадааст.  

Ба иттилои Вазорати фарҳанг, айни замон Франсуа Шаплен нобиғаи пионинонавози дунё айни замон дар Душанбе қарор дорад ва ба барномаи ҳунарии худ дар пойтахти Тоҷикистон омодагӣ мебинад. 

Гуфта мешавад, барномаи ҳунарии ин пионинонавози маъруфи дунё рӯзи 4-уми март дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. 

Манбаъ мегӯяд, ин пионинавози машҳур қаблан дар оркестрҳои маъруфи дунё назири оркестри Париж, оркестрҳои филармонияҳои Санкт-Петербургу Ҷопон ва оркестри миллии Лотарингия ҳунарнамоӣ доштааст. 

Бояд гуфт, ки Шаплен аз шумори даҳгонаи беҳтарин пионинонавозони дунё мебошад ва ба ҳунари ӯ дар тамоми дунё баҳои баланд додаанд. 

Вай барандаи ҷоизаҳои зиёди мусиқӣ, аз ҷумла ҷоизаи Мотсарт дар озмуни байналмилалии Кливленд Роберт Касадей мебошад. 



MADE IN IRAN: Дар Душанбе шашумин Намоишгоҳи ихтисосии Эрон баргузор мешавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед