Ru  | Tj
Яке аз калонтарин бонкҳои Чин дар Душанбе намояндагии худро мекушояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Яке аз калонтарин бонкҳои Чин дар Душанбе намояндагии худро мекушояд
Акс: ASIA-plus

Яке аз калонтарин бонкҳои Чин дар Душанбе намояндагии худро мекушояд

Нашр шуд

Яке аз бузургтарин бонкҳои Чин ояндаи наздик дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз менамояд ва дар Душанбе намояндагии худро боз мекунад.
 
Ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ, ин ниҳод ба “Бонки кишоварзии Чин” ё худ “Agricultural Bank of China» иҷозатномаи фаъолият додааст. 

Манбаъ мегӯяд, ин тасмим бо қарори Раёсати Бонки миллӣ ва дар асоси Қонун “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” гирифта шуда, Департаменти назорати бонкӣ муваззаф гардидааст, ки дар Феҳристи сабтиноми намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ  “Agricultural Bank of China“ – ро қайд намояд. 

“Бонки кишоварзии Чин” соли 1951 таъсис ёфаву севвумин бонки бузурги ин кишвар ба шумор меравад. Қароргоҳи “АBC Bank” дар Пекин буда, он ҳудуди 320 миллион мизоҷ дорад.   

Соли 2010 “Бонки кишоварзии Чин”-ро маҷаллаи бритониёии "The Banker" ҳафтумин бонки бузурги ҷаҳон дониста буд. 

Чин яке аз сармоягузорони аслии Тоҷикистон аст. Ҳаҷми сармоягузориҳои ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон дар охири соли 2020 ба 3 миллиарду 15 миллион доллари амрикоӣ расида буд.

Шартномаи бонкҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед