Ru  | Tj
Ярмаркаи солинавӣ: Дар ноҳияҳои Душанбе маҳсулоти хӯрока бо нархи дасрас ба фурӯш гузошта шудаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ярмаркаи солинавӣ: Дар ноҳияҳои Душанбе маҳсулоти хӯрока бо нархи дасрас ба фурӯш гузошта шудаанд
Акс: ASIA-Plus

Ярмаркаи солинавӣ: Дар ноҳияҳои Душанбе маҳсулоти хӯрока бо нархи дасрас ба фурӯш гузошта шудаанд

Нашр шуд

Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввали мардум аз 21-ум то 31-уми декабри соли 2021 дар 4 ноҳияи Душанбе баргузор мегардад.

Чӣ тавре, ки расонаи давлатии "Ховар" хабар медиҳад, қарори дахлдорро шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ имзо намудааст.

Манбаъ таъкид дорад, ки ярмарка дар КВД «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ), дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва дар майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил шудаанд ва ба муддати даҳ рӯз идома мекунанд.

Қайд мегардад, ки дар ярмарка маҳсулоти кишоварзию дигар маводи мавриди талаботи аввалия бо нархи нисбатан арзонтар аз ҷониби КВД "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввали ш. Душанбе», Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатӣ, кишоварзони вилояти Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба фурӯш гузошта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори Вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода имсол дар шафати бинои марказии вазорат 2 маротиба - ба ифтихори таҷлили иди касбии кормандони милитсия ва таҷлили Истиқлолияти давлатӣ, ярмаркаи идонаи маҳсулоти хӯрока баргузор гардида буд.


В Худжанде состоится ярмарка продуктов по сниженным ценам


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед