Ru  | Tj
Ёдгориҳои таърихии Суғд имкон доранд ба феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ёдгориҳои таърихии Суғд имкон доранд ба феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шаванд
Акс: аз манбаъҳои боз

Ёдгориҳои таърихии Суғд имкон доранд ба феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шаванд

Нашр шуд

Раиси Суғд дар дидор бо намояндагони ЮНЕСКО масъалаи шомил кардани ёдгориҳои таърихии ин вилоят ба феҳристи ҷаҳониро матраҳ кард.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳайати котиботи бахши фаромиллии "Роҳи абрешим: Долони Фарғона — Сирдарё" бо роҳбарии Жанат Сеидалиеваро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар дод.

Ин манбаъ менависад, ки дар мулоқот масоили муаррифии ёдгориҳои таърихии вилояти Суғд ва шомилсозии онҳо ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аҳмадзода дар ин мулоқот таъкид кард, ки солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон як қатор ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ эҳё гардида, ба феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Дар ин замина гуфта шуд, ки айни замон дар вилояти Суғд зиёда аз 1190 ёдгории таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморӣ ба қайд гирифта шудааст. Давоми солхои 2019-2021 ҷиҳати шомилсозии шаш ёдгории таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории ҳудуди вилояти Суғд ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО корҳои назаррас анҷом дода шуда, ҳадафи сафари намояндагони ин созмон ба вилоят омӯзиши пурра ва дақиқи ёдгориҳои таърихӣ аст.

Бояд гуфт, ки мутахассисони ЮНЕСКО аз Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин, Қалъаи Ширини ноҳияи Спитамен, сангнигораҳои ноҳияи Ашт, Мақбараи Ҳазрати Шоҳи шаҳри Исфара, Қалъаи Қаҳ-қаҳаи ноҳияи Шаҳристон, мадрасаи Абдулатиф Султон (Нуҳ гумбаз)-и шаҳри Истаравшан боздид карда, дар иншооти фарҳангӣ корҳои омӯзишӣ мегузаронанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки боздиди мутахассисон барои воридшавии ёдгориҳои нодиру қадимаи вилояти Суғд ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО мусоидат мекунад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед