Ru  | Tj
Ёздаҳ зани афғон номзад ба дарёфти ҷоизаи ба номи Сахаров шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ёздаҳ зани афғон номзад ба дарёфти ҷоизаи ба номи Сахаров шуданд
Акс: хадамоти матбуоти Парлумони Аврупо

Ёздаҳ зани афғон номзад ба дарёфти ҷоизаи ба номи Сахаров шуданд

Нашр шуд

Собиқ раиси Майдоншаҳр Зарифа Ғафарӣ низ барои гирифтани ҷоиза пешбарӣ шудааст.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Парлумони Аврупо, ёздаҳ зани афғон аз ҷониби фраксияи сотсиал-демократ ва "сабзҳо" барои дарёфти ҷоизаи ба номи Сахаров дар соли 2021 пешбарӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ҷоиза ба занони афғон ба хотири муборизаи далеронаи онҳо ҷиҳати пос доштани баробарӣ ва ҳуқуқи инсон пешбинӣ гардидааст.

Дар байни номзадҳо роҳбари Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон-Шаҳрзод Акбар, нахустин директор-зани як ширкати синамоии Афғонистон-Саҳро Каримӣ, директори Маркази таълими занони Афғонистон-Палваша Ҳасан ва собиқ роҳбари Вазорати корҳои занон - Сима Самар (Вазорат аз ҷониби Толибон* бекор шуд) қарор доранд.

Ҳамчунин, дар байни пешбаришуда номи собиқ раиси шаҳри Майдоншаҳр Зарифа Ғафарӣ низ ҳаст. Пас аз ғасби ҳукумат аз ҷониби Толибон Зарифа аз Афғонистон фирор карда буд. Гуфта мешавад, муддати 3 сол шаҳрдорӣ 3 маротиба ба ҷони ӯ сӯиқасд намудаанд.

Толибон фаъолияти ҳамаи корхонаҳоеро, ки моликашон занон буданд, бекор карданд. То ҳол дар ин кишвар мактаб барои духтарон фаъолият намекунад, ҳол он ки писарҳо аз 18-уми сентябр ба дарсхонӣ пардохтаанд.

Ҷоиза "Барои озодии баён" ба номи Андрей Сахаров-физики даврони шӯравӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон соли 1988 аз ҷониби Парлумони Аврупо таъсис ёфта, фонди он 50 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

Толибон* - Ҳаракати мамнӯъ дар ҶТ ва дигар кишварҳои ҷаҳон.




Пидром: Иродаи неки Тоҷикистон аст, ки интиқоли барқ ба Афғонистонро қатъ накардааст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед