Ru  | Tj
Юлдуз Усмонова ба Душанбе омад, то дар ҳузури сарони ду кишвар суруд хонад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Юлдуз Усмонова ба Душанбе омад, то дар ҳузури сарони ду кишвар суруд хонад
Акс: Интернет

Юлдуз Усмонова ба Душанбе омад, то дар ҳузури сарони ду кишвар суруд хонад

Нашр шуд

Юлдуз Усмонова, маъруфтарин хонандаи эстрадаи Ӯзбекистон дар ҳайати ҳунармандони кишвараш ба Душанбе омад ва шоми 10-уми июн дар барномаи консертии “Шоми дӯстӣ”, ки бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар “Кохи Борбад” баргузор мешавад, суруд хоҳад хонд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ дод, ки гурӯҳи беш аз 100 – нафараи ҳунармандон аз Ӯзбекистон бо шумули овозхонҳо, мақомсароён, мутрибон ва раққосон барои ширкат дар барномаи муштараки консертии “Шоми дӯстӣ” таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги ин кишвар Озодбек Назарбеков ба Душанбе омадаанд.

Гуфта мешавад, дар ин барнома зиёда аз 150 ҳунарманди шинохтаи ду кишвар, аз ҷумла Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Тулқун Тоҷибоев, Нигина Амонқулова, Ситораи Кароматулло, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Озодбек Назарбеков, Фаррух Зокиров, Юлдуз Усмонова, Абдуҳошим Исмоилов ва Элмурод Аҳмадов иштирок хоҳанд кард.



Парчами Тоҷикистон дар қуллаи баландтарини ҷаҳон

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед