Ru  | Tj
ЮНИСЕФ: Се млрд соати дарсӣ барои духтарон дар Афғонистон аз даст рафтааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

ЮНИСЕФ: Се млрд соати дарсӣ барои духтарон дар Афғонистон аз даст рафтааст
Акс: аз манбаъҳои боз

ЮНИСЕФ: Се млрд соати дарсӣ барои духтарон дар Афғонистон аз даст рафтааст

Нашр шуд

Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, (ЮНИСЕФ) дар 1000-умин рӯзе, ки Толибон* таҳсили духтарони афғон аз синфи шашумро манъ кардаанд, хостори лағви фаврии ин қарор шуд.

Ба иттилои ЮНИСЕФ, 1000 рӯз аз замони мамнӯъ шудани таҳсил барои духтарони аз синфи шашум дар Афғонистон гузашт ва дар ин муддат онҳо се миллиард соати дарсиро аз даст додаанд.

Дар гузорише, ки рӯзи 13 июн нашр шуд, ЮНИСЕФ тахмин кардааст, ки беш аз як миллион духтар дар Афғонистон ба далели тасмими Толибон* аз таҳсили минбаъда маҳрум шудаанд.

Ин созмони байналмилалӣ дар гузориши худ гуфтааст, ки ин ҳазор рӯз баробар ба 3 миллиард соати дарсест, ки духтарон бар асари мамнӯъияти таҳсил аз даст додаанд.

ЮНИСЕФ дар гузориши худ афзуд, ки дар сурати дар канор мондани нисфи аҳолиаш ҳеҷ кишваре пешрафт карда наметавонад. Бояд гуфт, Афғонистон ягона кишваре дар ҷаҳон аст, ки духтаронаш наметавонанд таҳсили худро пас аз синфи шашум идома диҳанд.
 
Масъулини ҳукумати Толибон бо вуҷуди дархостҳои байналмилалӣ розӣ нашуданд, ки маҳрумияти духтарон аз идомаи таҳсилро бекор кунад.

Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор додааст, ки манъи таҳсил ба духтарони афғон бузургтарин монеа дар роҳи эътирофи Толибон ба унвони ҳукумати қонунии Афғонистон аст.

Ҳарчанд Толибон* дар оғози қудрат ваъдаи ҳукумати мӯътадилтар дода буданд, пас аз он онҳо ба занон аз идомаи таҳсил пас аз синфи шашум, таҳсил дар донишгоҳҳо, аз ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз қабили боғҳо ва интихоби бештари ҷойҳои корӣ мамнӯъ карданд.

*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон







Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед