Ru  | Tj
З. Давлатзода: "Навруз-2021 дар Тоҷикистон бе тантана мегузарад"

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

З. Давлатзода: "Навруз-2021 дар Тоҷикистон бе тантана мегузарад"
Акс: wikimedia.org

З. Давлатзода: "Навруз-2021 дар Тоҷикистон бе тантана мегузарад"

Нашр шуд

Зулфия Давлатзода вазири фарҳанги Тоҷикистон, имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, ки имсол ҷашни Наврӯз таҷлил мешавад, вале на ба мисоли солҳои гузашта.

Имсол бинобар сабаби хатари хуруҷи дубораи бемории сироятии Covid-19 ҷашни Навруз дар Тоҷикистон бе тантана мегузарад.

Гуфта шуд, ки дар манотиқи ҷумҳурӣ бо иштироки президенти ҷумҳурӣ таҷлили иди "Навруз" ба нақша гирифта нашудааст ва меҳмонон аз хориҷи кишвар низ даъват нашудаанд.

Танҳо дар боғҳои Куруши Кабир, ба номи С.Айнӣ, А.Фирдавсӣ ва дигар боғҳои шаҳр бо иштироки ҳунармандону сарояндагон консертҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои пешгирӣ гузаронида мешавад.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, ҳамасола дар Тоҷикистон таҷлили ҷашни Наврӯз бо тантана дар тамоми минтақаҳо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказӣ ва ё дар Наврӯзгоҳ бо намоишҳо баогузор мегардид.

Имсол бошад, вазорати тандурустӣ новобаста аз он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2021 то кунун беморони коронавирус ба қайд гирифта нашудаанд, Наврӯзи имсола ба таври оммавӣ таҷлил намешавад.

Ҷаласаи стипендиягирандагони президентӣ дар Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед