Ru  | Tj
Захарова зарурати ҳамкорӣ бо Толибон*-ро тавзеҳ дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Захарова зарурати ҳамкорӣ бо Толибон*-ро тавзеҳ дод
Акс: аз манбаъҳои боз

Захарова зарурати ҳамкорӣ бо Толибон*-ро тавзеҳ дод

Нашр шуд

Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия ба зарурати ҳамкорӣ бо Толибон* дар заминаи мубориза бо терроризм таъкид кард.

Кор бар рӯи эҳтимоли хориҷ кардани Толибон* аз феҳристи созмонҳои мамнӯъ бар зарурати тамос бо ин гурӯҳ, аз ҷумла дар мубориза бо терроризм аст, гуфт Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия.

Хонум Захарова дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург гуфт: "Баъзе блогнависон ва рӯзноманигорон бо асабоният вокуниш нишон медиҳанд, ки Русия бо ҷунбиши Толибон*, ҳукумати кунунии Афғонистон дар тамос аст. Зоҳиран онҳое, ки дар ин мавзӯъ менависанд, намефаҳманд, ки ҳалли мушкилот ба монанди мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва ҷиноятҳои муташаккил, воқеан ба тамос ниёз дорад”.

Ӯ афзуд, ки ба тағйирот ба таври амалӣ дар ростои нигаришҳои мутамарказ ба манофеъи миллӣ бояд посух дод.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия афзуд, ҳоло суоле, ки барои ҳама хеле ҷолиб аст, ин аст, ки тасмимҳои ба истилоҳ аз феҳристи созмонҳои мамнӯъ хориҷ кардани номи Толибон* кай, чӣ гуна ва дар кадом шакл гирифта мешаванд.

Хотиррасон мекунем, ки қаблан Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон гуфта буд, ки пешниҳоди хориҷ кардани Толибон* аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ аз сӯи вазоратҳои умури хориҷӣ ва адлияи ин кишвар ба президент ироа шудааст.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар охирин изҳороти худ дар бораи Афғонистон гуфт, ки Толибон* мақомоти феълии Афғонистон ҳастанд ва эҷоди равобит бо ин гурӯҳ зарурӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, ахиран Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон низ эълом дошт, ки кишвараш ба манзури рушди равобити тиҷоративу иқтисодӣ Толибон*-ро аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ хориҷ кардааст.


*-созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед