Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Заминларзаи рӯзи 23 март ба ноҳияҳои шарқи Тоҷикистон низ хисорот ворид кард
Нашр шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба расонаҳо иттилоъ додааст, ки заминларзаи рӯзи 23-юми март ба 40 иншооти маскунӣ ва маъмурӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Сангвор дар шарқи ин кишвар низ зарар расонидааст.
Ба иттилои ин манбаъ, бар асари заминларза дар девори 27 бинои маскунӣ дар деҳаҳои Порвоғ, Дуоба, Саридашт ва Такобаи ноҳияи Рашт тарқишҳо ба вуҷуд омадааст.
Дар баробари ин гуфта мешавад, ки дар деҳаи Тегирми ноҳияи Нуробод ба 2 манзили маскунӣ зарари ҷиддӣ расида, 10 хона, 1 мактаб ва бинои ҳукумати ин ноҳия қисман хисорот дидаанд.
Ҳамзамон зикр мешавад, ки дар деҳаи Фаркинги ноҳияи Сангвор 1 манзили истиқоматӣ қисман осеб дидааст.
Таъкид мешавад, ки ҳаҷми аниқи хисороти воридшуда аз заминларзаи рӯзи 23-юми март аз тарафи коргурӯҳ (комиссия)-и ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ муқаррар карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтааст, ки бар асари заминларзаи рӯзи 23-юми март дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчо се сокини маҳаллӣ, як зан ва ду мард ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд. Хушбахтона ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ дар пай надошт.
Ҳамзамон бархе расонаҳо бо такя ба иттилои пешакии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар доданд, ки дар натиҷаи заминларзаи шаби 23-юми март дар 6 деҳаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчо беш аз 700 хонавода осеб дида, зиёда аз 120 сар чорвои хонагӣ талаф шуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 23-юми март, соати 01:07 дақиқаи вақти маҳаллӣ Тоҷикистонро заминларзаи шадид такон дод, ки маркази он дар наздикии деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд воқеъ буд.
Гуфта мешавад, ки нерӯи заминларза дар маркази он 5-6 балл, дар ноҳияи Рашт 4-5 балл ва дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил дод.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед