Ru  | Tj
Зан ва тиҷорат. Дар Душанбе ҳамоиши бонувони соҳибкор баргузор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Зан ва тиҷорат. Дар Душанбе ҳамоиши бонувони соҳибкор баргузор мешавад
Акс: Sputnik

Зан ва тиҷорат. Дар Душанбе ҳамоиши бонувони соҳибкор баргузор мешавад

Нашр шуд

Кумитаи сармоягузорӣ аз баргузор гаштани ҳамоиши занони соҳибкор дар Душанбе хабар дод. 

19-уми ноябр дар пойтахти кишвар ба муносибати Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор форуми бонувони соҳибкор баргузор мешавад,  - хабар додааст Кумитаи сармоягузорӣ. 

Манбаъ афзудааст, ҳадафи аслии ин ҳамоиш рушди соҳибкорӣ миёни бонувон буда, дар он масъалаҳои марбут ба заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии рушди фаъолияти соҳибкории занон, тақвияти иқтидори занон дар соҳаи соҳибкории кишоварзӣ тавассути барномаҳои вижа ва дар маҷмӯъ васеъсозии имконот барои бонувон мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегиранд. 

Гуфта мешавад, ин ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дар ҳамкорӣ бо Котиботи Шӯрои машваратии назди Президент оид ба беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ гузаронда мешавад. 

Ҳамчунин, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор гардидани ин форумро дастгирӣ мекунанд ва дар доираи он намоиши дастовардҳои бонувони соҳибкор барпо мешавад. 

Дар Тоҷикистон ба афзудани шумори бонувони соҳибкор диққати махсус медиҳанд. Соли 2019 низ ҳамин гуна як форум бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оила бо номи «Зан ва тиҷорат» баргузор гардида буд, ки дар он қариб 200 нафар бонувони соҳибкору муваффақ ва ҳунарманди вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон, навоҳии тобеи марказ ва фаъолони шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Ҳамчунин аз соли 2014 ҳамасола дар Тоҷикистон аз тарафи Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва USAID озмуни «Бонуи соҳибкори сол» гузаронида мешавад.


Намояндаи созмони Оғохон бо Толибон масъалаи таҳсили духтарони афғонро баррасӣ намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед