Ru  | Tj
“Зарринтоҷ” ба Мирзиёев барои тавсеи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“Зарринтоҷ” ба Мирзиёев барои тавсеи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Зарринтоҷ” ба Мирзиёев барои тавсеи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ

Нашр шуд

Шоми 10-уми июн, қабл аз оғози барномаи консертии “Шоми дӯстӣ” дар Кохи Борбад Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои ӯзбеки худро бо Мукофоти олии давлатии Тоҷикистон - Ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи I сарфароз гардонид.

Ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Сарвари кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Барои хизматҳои шоён ҷиҳати таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон» бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи I сарфароз гардонида шуд.

Шавкат Мирзиёев аз пазироии гарму самимӣ, дӯстона ва бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистону мардуми тоҷик ва қадрдонӣ шуданаш бо мукофоти олии давлатӣ изҳори хушҳолӣ ва сипос кард.

Субҳи 10-уми июн Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои анҷоми як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар дода, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва пас мулоқоту музокироти расмӣ миёни Душанбеву Тошканд дар маҷмӯъ 36 ҳуҷҷати нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Интизор меравад, ки дар идомаи ин сафар Сарони ду давлат ҷиҳати ошно шудан ба зарфиятҳои тиҷоративу иқтисодии вилояти Суғд ба Хуҷанд сафар кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро дар фурудгоҳ истиқбол намуд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед