Ru  | Tj
Зас: Кори СААД дар таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон идома дорад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Зас: Кори СААД дар таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон идома дорад
Акс: Интернет

Зас: Кори СААД дар таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон идома дорад

Нашр шуд

Ба андешаи Дабири кулли СААД, бӯҳрони гуруснагӣ дар Афғонистон метавонад боиси афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ гардад, ки имкон дорад ба давлатҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) низ таҳдид кунанд.

Тавре "Российская газета" хабар медиҳад, Дабири кулли СААД Станислав Зас зимни баромади худ дар шабакаи телевизионии Белоруссия "ОНТ" арз доштааст, ки таҳдидҳо аз қаламрави Афғонистон, ба мисоли афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир ҳанӯз боқӣ мондаанд. 

Ба таъкиди Зас, СААД ҷиҳати бартараф намудани таҳдидҳо ва таҳкими марзҳои ҷанубӣ, пеш аз ҳама сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон талош меварзад.

"Пас аз хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар ин кишвар вазъи хеле сангин ба вуҷуд омада, бӯҳрони башарӣ идома дорад.Тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид, ҳоло дар Афғонистон тақрибан 9 миллион нафар ба бӯҳрони гуруснагӣ дучор шуда, қариб нисфи аҳолӣ ба маводи озуқа дастрасӣ надоранд",-шарҳ додааст дабири кулли СААД.

Ҳамчунин, Зас қайд намудааст, ки СААД созмони башардӯстона нест, аммо дар баробари кишварҳои аъзои СААД дар заминаи шартномаҳои дуҷониба ҷиҳати рафъи ин бӯҳрони башарӣ мусоидат хоҳанд кард.

Хотиррасон менамоем, ки фаъолияти СААД аз 15-уми майи соли 1992 оғоз гардидааст. 


Ҷо Байден: “Афғонистон "гӯристони империяҳо" аст, аммо ҳеҷ гоҳ як кишвари муттаҳид буда наметавонад”



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед