Ru  | Tj
Заур Дахте филмбардор ва аккоси маъруфи Тоҷикистон даргузашт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Заур Дахте филмбардор ва аккоси маъруфи Тоҷикистон даргузашт
Акс: аз манбаъҳои боз

Заур Дахте филмбардор ва аккоси маъруфи Тоҷикистон даргузашт

Нашр шуд

Заур Дахте, ки чанд рӯз баъд 88-сола мешуд, 15 август бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе - Хуҷанд ба ҳалокат расид.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод, ки 15 август Заур Дахте филмбардор, аккоси маъруф, корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон аз олам даргузашт.

Ин ниҳод зикр намуд, Заур Дахте яке аз наворбардоронии маъруф, суратгири мусаввир, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи байналмилалии таълими бунёдӣ ва ҷоизадори ҷашнвораҳои байналмилалии синамо мебошад. Заур Дахте соли 1936 дар Доғистон таваллуд шудааст.

Ҳунари Заур Дахтеро баъди филми кӯтоҳи ҳунарии «Лоле» эътироф карданд ва ӯ филми «Вохӯрӣ дар назди масҷиди кӯҳна»-ро (1968) ба навор гирифт.

Сипас силсилафилмҳои «Чор нафар аз Чорсанг» (ду қисмат, коргардон М.Қосимова), «Паланг зарур аст» (коргардон Б.Арабов), «Шераки ҷасур» (коргардон М.Маҳмудов) ва дигар филмҳо рӯи навор омаданд.

Заур Дахте дар таҳияи зиёда аз 600 филм иштирок кардааст. Филмҳои олии Заур Дахте дар мавриди сарнавишти шоирони бузурги форсу тоҷик, аз ҷумла Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ба хазинаи тилоии синамои миллии Тоҷикистон ворид шудаанд.

Заур Дахте аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шуда, соли 2011 сазовори унвони ифтихории академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон гардидааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед