Ru  | Tj
Завқизода: 70%-и савдои хориҷии Тоҷикистон ба кишварҳои СҲШ рост меояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Завқизода: 70%-и савдои хориҷии Тоҷикистон ба кишварҳои СҲШ рост меояд
Акс: аз манбаъҳои боз

Завқизода: 70%-и савдои хориҷии Тоҷикистон ба кишварҳои СҲШ рост меояд

Нашр шуд

Вазирони иқтисоди кишварҳои узви СҲШ дар нишасти Исломобод изҳорот дар бораи тиҷорати одилона ва рушди устуворро имзо карданд.

Дар шаҳри Исломобод рӯзи 12 сентябр ҷаласаи 23-юми вазирони иқтисод ва тиҷорати давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор шуд.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин нишаст Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, Завқӣ Завқизода дар суханронии хеш дар ин ҷаласа гуфт, Тоҷикистон рушди ҳамкориҳо дар доираи СҲШ-ро дар авлавияти аввалиндараҷаи сиёсати хориҷии худ қарор додааст.

Ба гуфтаи Завқизода, дар натиҷаи ин сиёсат гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои СҲШ давра ба давра тамоюли рушдро касб намуда, ҳамасола беш аз 70 дарсади ҳиссаи гардиши савдои Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи СҲШ рост меояд.

Намояндаи Тоҷикистон зикр кард, ки ҷамъияти СҲШ қариб нисфи аҳолии ҷаҳон ва 27 дарсади ММД-и ҷаҳониро ташкил намуда, ин минтақа дорои бозори бузург ва имкониятҳои васеъ мебошад.

Дар ин замина гуфта шуд, ки Стратегияи рушди иқтисоди СҲШ барои давраи то соли 2030 бо ташаббуси Тоҷикистон таҳия гардида, аз ҷониби кишварҳои узви ин созмон қабул карда шуд.

Дар робита ба ин Завқӣ Завқизода ба иштирокдорони ҷаласа барои таҳияи Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур пешниҳоди мушаххас вобаста ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ ва сабз, энергияи сабз, тиҷорати электронӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва соҳаҳои инноватсионӣ, инчунин истифодаи васеи имкониятҳои транзитии Тоҷикистон ироа намуд.

Тибқи иттилои хабаргузории РИА Новости, зимни мулоқот фаъолияти Шурои соҳибкорони СҲШ ва Консорсиуми марказҳои таҳлилӣ ва иқтисодии СҲШ, рафти иҷрои барномаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодии кишварҳои узви СҲШ барои солҳои 2021-2025 ва нақшаи чорабиниҳои муштарак дар заминаи рушди савдои дохили минтақаӣ дар доираи СҲШ барои солҳои 2023-2025 баррасӣ шуд.

Инчунин дар поёни ҷаласаи 23-юми вазирони иқтисод ва тиҷорати давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Исломобод, ширкатдорони нишаст изҳорот дар бораи савдои одилона ва рушди устуворро имзо карданд.

Бояд гуфт, ки Созмони ҳамкориҳои Шанхай соли 2001 таъсис шуда, ба он Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Белорус, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон шомиланд.

Инчунин дар ин созмон Афғонистон ва Муғулистон кишварҳои нозир, Озарбойҷон, Арманистон, Баҳрайн, Миср, Камбоҷа, Қатар, Кувайт, Малдив, Мянма, Непал, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Шри-Ланка шарикони муколамаи СҲШ мебошанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед