Ru  | Tj
Завқизода: Бояд содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба кишварҳои СҲШ афзоиш ëбад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Завқизода: Бояд содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба кишварҳои СҲШ афзоиш ëбад
Акс: ASIA-plus

Завқизода: Бояд содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба кишварҳои СҲШ афзоиш ëбад

Нашр шуд

Вазири тоҷик гуфт, барои вусъати бештар бахшидан ба ҳамкорӣ бояд ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба кишварҳои аъзои СҲШ зиëд карда шавад.

28-уми сентябр Завқӣ Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ҷаласаи 21-уми вазирони иқтисод ва тиҷорати давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай , ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуд, - хабар додааст Вазорати рушди иқтисод ва савдо.
Гуфта мешавад, Завқӣ Завқизода дар ин ҷаласа иброз доштааст, ки беш аз 60 дарсад аз ҳиссаи умумии муомилоти молии Тоҷикистон ба минтақаи  СҲШ рост меояд ва бузургтарин шарикони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кишварҳои  узви ин созмон ҳастанд.

Вазири тоҷик аз ҷумла Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон ва Ҳиндустонро шарикони аслии тиҷоратии Душанбе унвон кардааст.

Манбаъ меафзояд, дар ин нишаст ба манзури вусъат бахшидан ба ҳамкорӣ ба масоили густариши равобит  дар самти иқтисоди рақамиву сабз, тиҷорати электронӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.

Завқизода аз ҷумла таъкид доштааст, ки барои тавсеаи ҳамкориҳо бояд  содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба кишварҳои аъзои СҲШ афзоиш дода шуда, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёту инфрасохтор, логистика, сайёҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо қарор гирад.

Бояд зикр намуд, ки дар ин ҷаласа вазирони иқтисод ва тиҷорати кишварҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла Тоҷикистон, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон,  Покистон, Федератсияи Русия ва Узбекистон иштирок ва барои густариши ҳамкориҳо изҳори омодагӣ кардаанд.


Тоҷикистон соли гузашта 208 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед