Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Завқизода: Дар шаш моҳ дар кишвар 78 корхонаи нави саноатӣ ба кор даромад
Нашр шуд
Имсол дар Тоҷикистон 78 корхонаи нави саноатӣ ба баҳрабардорӣ расид, ки дар онҳо қариб ҳазор нафар кор мекунанд.
Завқӣ Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдо дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон аз бунёди 78 корхонаи нави саноатӣ дар Тоҷикистон давоми шаш моҳи соли 2021-ум хабар дод ва афзуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳаҷми тавлиди маҳсулоти саноатӣ дар кишвар аз марзи 16 миллиард сомонӣ гузашт.
Вазири тоҷик ин нишондиҳандаро дар 5 соли ахир баландтарин унвон кард.
Вай гуфт, ки дар пайи рушди бахши саноат дар шаш моҳи аввали имсол Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и номиналии Тоҷикистон ба 39,9 млрд сомонӣ расида, афзоиши воқеии он 8,7 фоизро ташкил дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чанд сол пеш дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон саноатикунонии кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карда буд. Ҳамасола дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз менамоянд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед