Ru  | Tj
Ӯзбекистон 24 афғонро барои убури ғайриқонунии марз боздошт кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ӯзбекистон 24 афғонро барои убури ғайриқонунии марз боздошт кард
Акс: Интернет

Ӯзбекистон 24 афғонро барои убури ғайриқонунии марз боздошт кард

Нашр шуд

Мақомоти марзбонии Узбекистон 24 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар ҳудуди ҷазираи «Арал Пайғамбар»-и вилояти Сурхондарё марзи ин кишварро ғайриқонунӣ убур намуданд, боздошт кардааст.

Ба иттилои Хадамоти давлатии амнияти Узбекистон, ин шаҳрвандони Афғонистон рӯзи 21-уми август бо заврақҳояшон барои ҷамъоварии решаи гиёҳи ширинбия, ки дар ин минтақа ба миқдори зиёд мерӯяд, вориди хоки кишвари ҳамсоя шудаанд ва ба гурӯҳи марзбонони ба ҷои ҳодиса ҳозиргашта муқовимат нишон додаанд.

Манбаъ меафзояд, ки дар натиҷа 24 нафар марзшикани афғон боздошт гардида, аз ҷониби ниҳодҳои марбута шахсияти онҳо муайян карда мешавад.

Хадамоти давлатии амнияти Узбекистон таъкид доштааст, ки айни замон ҳудуди ҷазираи «Арал Пайғамбар»-и вилояти Сурхондарё таҳти назорати комили неруҳои марзбонии ин кишвар қарор дорад.

Қаблан Мавлавӣ Идрис, сухангӯи пулиси Толибон* дар вилояти Балх низ дар суҳбат бо хабаргузории Sputnik сар задани ин ҳодисаро тасдиқ намуд, аммо дар ин бора тафсилоти зиёд надода, танҳо гуфта буд, ки намояндагони мақомоти маҳаллии онҳо ба ҷои ҳодиса рафтаву қазияро таҳқиқ мекунанд.

Толибон моҳи августи соли гузашта дар Афғонистон ҳукуматро ғасб намуда, инак як сол мешавад, ки дар сари қудрат ҳастанд, аммо ҳеч кишваре онҳоро ба расмият нашинохтаву аксари коршиносон ба ҳукумат расидани онҳоро хатари ҷиддие барои амнияти минтақа унвон мекунанд.  

*Толибон – Ҳаракати террористӣ 

Президенти Ӯзбекистон аввалин бор дар сӣ соли охир ба Ар-Риëз меравад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед