Ru  | Tj
Ӯзбекистон ҳам шаҳрвандонашро аз мадрасаҳои динии хориҷ бармегардонад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ӯзбекистон ҳам шаҳрвандонашро аз мадрасаҳои динии хориҷ бармегардонад
Акс: Интернет

Ӯзбекистон ҳам шаҳрвандонашро аз мадрасаҳои динии хориҷ бармегардонад

Нашр шуд

Мақомоти Ӯзбекистон дар чанд моҳи охир 1,5 ҳазор ҷавони ӯзбекро, ки дар мадориси динии Миср таҳсил доштанд, ба Ватан баргардонидаанд.

Ба гузориши “Озодӣ”, намояндаи сафорати Узбекистон дар Қоҳира дар суҳбат ба расонаҳо гуфтааст, ки донишгоҳи ал-Азҳари Миср аз ин ба баъд ҷавонони ӯзбекро танҳо дар асоси тавсияи Кумитаи кор бо дини Девони вазирони Ӯзбекистон мепазирад.

Ҳамчунин сомонаи Сафорати Ӯзбекистон дар Миср изҳоротеро мунташир кардааст, ки дар он гуфта шудааст, бисёре аз шаҳрвандон дар марказҳои шубҳанок таълим мегиранд.

Манбаъ афзудааст, ки мақомоти Ӯзбекистон дар панҷ моҳи аввали соли 2021 ҳудуди 1800 наврасро, ки тасмими сафар ба Миср ва таҳсили диниро доштанд, аз марзи кишвар баргардонидаанд



Пешниҳоди Туркия: Китобҳои адибони маъруфи тоҷикро нашр мекунем


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед