Ru  | Tj
Ӯзбекистон аз Фаронса 17 ҳавопаймо ва 2 чархбол мехарад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ӯзбекистон аз Фаронса 17 ҳавопаймо ва 2 чархбол мехарад
Акс: spot.uz

Ӯзбекистон аз Фаронса 17 ҳавопаймо ва 2 чархбол мехарад

Нашр шуд

Ӯзбекистон бо ширкатҳои ҳавопаймоии Фаронса барои харидории 17 ҳавопаймо ва 2 чархбол тавофуқ кардааст. Тибқи иттилои сомонаи Spot.uz, созишномҳои марбута дар ҷараёни сафари ахири ҳайати Ӯзбакистон ба Париж ба имзо расидаааст.

Гуфта мешавад, созишномаҳои хариди ҳавопаймо ва чархболҳо рӯзи 22-уми ноябр дар Париж миёни вазири нақлиёти Ӯзбекистон Илҳом Маҳкамов ва муовини раиси гурӯҳи ширкатҳои ҳавопаймосозии Фаронса Жак Гарик имзо шудааст.

Ба иттилои ин манбаъ, арзиши умумии ҳавопаймоҳое, ки Ӯзбекистон аз ширкатҳои Airbus ва ATR фармоиш додааст, 815,3 миллион евроро ташкил медиҳад.

Бад-ин тартиб, ширкати «Uzbekistan Airways» аз ширкати «Airbus» ҳашт ҳавопаймои тамғаи A320neo ва чор A321neo ба маблағи 694,3 млн евро ва чархболи тамғаи H145-ро бо арзиши 21 млн евро дастрас мекунад.

Гуфтанист, феълан ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон соҳиби 13 ҳавопаймои Airbus - 10 A320 ва се A321neo аст, ки аввалини он моҳи феврали ҷорӣ ба Тошканд расида буд. Илова бар ин, ахиран миёни ширкати «Silk Avia» ва ширкати муштараки Фаронсаву Италия барои харидории 5 ҳавопаймои навъи ATR 72-600 ба маблағи 100 миллион евро имзо шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед