Ru  | Tj
Ӯзбекистон ба Тоҷикистон даҳ саги кинологӣ тақдим намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ӯзбекистон ба Тоҷикистон даҳ саги кинологӣ тақдим намуд
Акс: Интернет

Ӯзбекистон ба Тоҷикистон даҳ саги кинологӣ тақдим намуд

Нашр шуд

Маркази миллии кинологии Кумитаи гумруки Ӯзбекистон ба  Хадамоти гумруки Тоҷикистон 10 саги кинологӣ тақдим намуд.

Ба иттилои Хадамоти гумрук, рӯзи 12-уми март Иззатулло Ҳурматзода, муовини Сардори ин ниҳод бо ҳамтои ӯзбеки худ Уткирҷон Қодиров ва намояндагони Маркази миллии кинологии Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон мулоқот кард.

Гуфта мешавад, дар ин дидор тарафҳо густариши муносибатҳо  миёни ниҳодҳои дахлдори ду кишварро баррасӣ намуда, ба тақвияти робитаҳо дар  низоми гумрукӣ ва мусоидат намудан дар ҳамлу нақли молу маҳсулот таъкид кардаанд.

Ҳурматзода гуфт, ки бо назардошти ҳолати кунунии минтақа ва барои пешгирии омилҳои ғайриқонунии гардиши маводи мухаддир  зарурати таъмини кормандони масъул бо лавозимоти муосири корӣ, аз ҷумла мукаммалгардонии бахши кинологӣ ба миён омадааст.

Манбаъ меафзояд, Маркази миллии кинологии Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин мулоқот ба кормандони масъули Хадамоти гумруки Тоҷикистон 10 саги кинологӣ  тақдим кардааст.

Ҳамчунин, Уткирҷон Қодиров омодагии мақомоти гумруки Ӯзбекистонро барои фаро гирифтани кинологони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили донишу малакаи касбӣ дар Маркази миллии кинологии Кумитаи  гумруки Ӯзбекистон изҳор намудааст.

Бояд гуфт, ки қаблан мақомоти ду кишвар иттилоъ дода буданд, ки шурӯъ аз имрӯз, 15-уми март, фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ миëни  Тоҷикистону Ӯзбекистон ба реҷаи оддӣ гузаронида мешавад.

Соли гузашта ҳам беш аз 15 нафар кинологон аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар Маркази кинологии Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон такмили малака гардонида буданд.



Дар панҷ соли гузашта дар Тоҷикистон 9 миллион бех дарахт шинондаанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед