Ru  | Tj
Ӯзбекистон барои тармими майдони ҳавоии Мазори Шариф тими тихникӣ фиристод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ӯзбекистон барои тармими майдони ҳавоии Мазори Шариф тими тихникӣ фиристод
Акс: Sputnik

Ӯзбекистон барои тармими майдони ҳавоии Мазори Шариф тими тихникӣ фиристод

Нашр шуд

Расонаҳои ӯзбекӣ хабар додаанд, ки як гурӯҳи техникҳои кишвари Ӯзбекистон барои таъмири таҷҳизот ва фаъолсозии майдони ҳавоии  Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ ба шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балх рафтаанд.

Исматулло Иргашев, намояндаи ҳукумати Ӯзбакистон оид ба масоили Афғонистон рӯзи 18-уми декабр гуфт, дар назар аст, ки корҳои фаннӣ дар майдони ҳавоӣ дар аввалҳои соли 2022 анҷом хоҳад ёфт.

Исматулло Иргашев моҳи гузашта аз вилояти Балх дидан карда, изҳори умедворӣ намуд, ки фаъолият дар майдони ҳавоии Мазори Шариф ба зудӣ ба итмом расонида хоҳад шуд.

Ӯзбакистон то кунун дар кӯмакҳои башардӯстона барои Афғонистон фаъолона иштирок намуда, тиҷораташро бо роҳи Афғонистон ба Покистон ба роҳ мондааст.

Илова бар ин, Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон дар таъсиси як маркази логистикии кӯмакҳои башардӯстона дар шаҳри марзии Тирмуз ёрӣ намудааст.


Дар Тошканд барои сафоратхонаи Тоҷикистон бинои нав месозанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед