Ru  | Tj
Ӯзбекистон дар арафаи Соли нав ба оилаҳои ниёзманд 75 - долларӣ кӯмакпулӣ медиҳад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ӯзбекистон дар арафаи Соли нав ба оилаҳои ниёзманд 75 - долларӣ кӯмакпулӣ медиҳад
Акс: Интернет

Ӯзбекистон дар арафаи Соли нав ба оилаҳои ниёзманд 75 - долларӣ кӯмакпулӣ медиҳад

Нашр шуд

То охири моҳи декабр як қатор оилаҳои камбизоати Ӯзбекистон аз ҷониби ҳукумати ин кишвар кӯмаки моддии яквақтаи пулиро ба миқдори 800 ҳазор сӯм (тақрибан $75) хоҳанд гирифт. 

Ба иттилои агентии хабарии "Фергана", қарори дахлдорро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имзо намудааст.

Ба таъкиди манбаъ, мувофиқи қарори Президенти ин кишвар кӯмакпулӣ ба категорияҳои зерини оилаҳо расонида мешавад:

- дар хонавода агар шахси таъминкунанда фавтидаасту  ва дар он кӯдакони ноболиғ ба сар мебаранд;

- агар хонавода ниёзе ба дастгирии иҷтимоӣ дошта бошад;

- аҳли хонавода солхӯрдаю танҳо бошанд;

- хонаводаҳои бекор;

- бинобар ҷорӣ гардидани карантин, ҷиҳати пешгирии COVID-19, бекор мондаанд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2017 инҷониб Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар арафаи таҷлили "Рӯзи модарон" аз ҳисоби маблағҳои буҷаи шаҳр ба занони кӯчарӯб ёрдами яквақтаи пулӣ ҷудо мекунад.


Ӯзбекистон барои тармими майдони ҳавоии Мазори Шариф тими тихникӣ фиристод



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед