Ru  | Tj
Ӯзбекистон гуфт, ки дар сафари Мирзиёев ба Душанбе 30 созишномаи нав ба имзо мерасад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ӯзбекистон гуфт, ки дар сафари Мирзиёев ба Душанбе 30 созишномаи нав ба имзо мерасад
Акс: Интернет

Ӯзбекистон гуфт, ки дар сафари Мирзиёев ба Душанбе 30 созишномаи нав ба имзо мерасад

Нашр шуд

Котиботи раисиҷумҳури Ӯзбекистон иттилоъ додааст, ки дар сафари қарибулвуқӯи Шавкат Мирзиёев ба Душанбе  миёни ду кишвар 30 созиншомаи нави ҳамкорӣ ба имзо хоҳад расид.

Манбаъ афзудааст, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзи 10-уми июн ба Душанбе меояд ва пас аз мулоқоту музокироти расмӣ дар пойтахт фардои он рӯз ҳамроҳи ҳамтои тоҷики худ ба Хуҷанд меравад ва аз корхонаҳои саноатӣ ва маконҳои таърихию фарҳангии ин шаҳр дидан мекунад.  

Ҳамзамон, бо роҳбарияти вилояти Суғд баррасии барқарор намудани робитаҳои иқтисодӣ бо минтақаҳои ҳамсояи Ӯзбекистон дар назар дошта шудааст.  

Гуфта мешавад, масъалаҳои аломатгузории марз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва тақвияти равобити заминӣ  аз мавзӯъҳои гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев хоҳанд буд.

Лозим ба зикр аст, ки пас аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон равобити дар замони Ислом Каримов сардшудаи ду кишвари ҳамсоя дубора рӯ ба густариш оварда, ҳамасола ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд густариши бештар касб мекунанд. 




Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон системаи аз ҳолатҳои фавқуллода огоҳкунанда гузошта мешавад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед