Ru  | Tj
Ӯзбекистон: “Кишварҳои дунё бар Толибон бояд фишор биёранд, то онҳо аз хушунат даст кашанд”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ӯзбекистон: “Кишварҳои дунё бар Толибон бояд фишор биёранд, то онҳо аз хушунат даст кашанд”
Акс: Gazeta.uz

Ӯзбекистон: “Кишварҳои дунё бар Толибон бояд фишор биёранд, то онҳо аз хушунат даст кашанд”

Нашр шуд

Вазири корҳои хориҷаи Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов мегӯяд, ки ташаннуҷ дар Афғонистон метавонад сабаби густариши ифротгароӣ ба кишварҳои мантиқа шавад.

Ӯ гуфтааст, ки ҷаҳон бояд Толибон*-ро маҷбур созад, то онҳо тамоми ӯҳдадориҳои худро амалӣ кунанд.

Ба гуфтаи Абдулазиз Комилов, дар ҳоли ҳозир вазъ дар Афғонистон муташанниҷ аст. Комилов бо баёни ин ки манофеи Ӯзбекистон дар оромиши Афғонистон аст, таъкид кардааст, ки бояд талошҳо идома ёбанд, то Толибон аз хушунат даст кашанд.

Вазири ӯзбек дар мавриди эътирофи ҳукумати Толибон гуфта, ки ҳукумати муваққатӣ бояд ваъдаҳоро иҷро кунад, то ба расмият шинохта шавад.

Ӯзбекистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки бо Толибон муносибати хуб дорад ва мехоҳад тиҷорати худро бо роҳи Афғонистон тақвият бахшад.

*Толибон – Ҳаракати террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон вомехӯранд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед