Ru  | Tj
Ӯзбекистон мизбони 46-умин Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот интихоб шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ӯзбекистон мизбони 46-умин Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот интихоб шуд
Акс: Интернет

Ӯзбекистон мизбони 46-умин Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот интихоб шуд

Нашр шуд

Ассамблеяи генералии Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) эълон намуд, ки 46-умин Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Ӯзбекистон баргузор мегардад.

Ба иттилои хабаргузории "Ховар", дар конгресси Федератсияи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон тасмим гирифтанд, ки Олимпиадаи шоҳмот дар соли 2026 дар Ӯзбекистон гузаронида шавад.

Манбаъ меафзояд, дар баробари Ӯзбекистон барои  дарëфти ҳаққи мизбонии Олимпиадаи шоҳмот дар соли 2026 Лаҳистон ва Замбия низ дархост ироа карда буданд, аммо интихоби конгресс сари Ӯзбекистон қарор гирифт.

Соли 2024 Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонии шоҳмот дар  Будапешти Маҷористон баргузор мегардад.

Интихоби Ӯзбекистон ба ҳайси мизбони 46-умин Олимпиадаи шоҳмот дар ҳолест, ки шоҳмотбозони ин  кишвар дар Олимпиадаи 44-ум, ки се рӯз қабл дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон ба поëн расид, миёни дастаҳои мунтахаби мардон сазовори мақоми аввал гардиданд.

Дар ин сабқати сатҳи ҷаҳонӣ  800 шоҳмотбоз дар ҳайати 188 дастаи мардона ва 162 дастаи занона байни ҳам рақобат намуданд.

Дастаҳои мардона ва занонаи Тоҷикистон дар ин олимпиада ҷойҳои 67 ва 78-умро соҳиб гаштанд. 

Тимҳои Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот ҷойҳои 67 ва 78-умро касб намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед