Ru  | Tj
Ӯзбекистону Покистон тиҷорати худро аз роҳи Афғонистон оғоз карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ӯзбекистону Покистон тиҷорати худро аз роҳи Афғонистон оғоз карданд
Акс: UzDayli.uz

Ӯзбекистону Покистон тиҷорати худро аз роҳи Афғонистон оғоз карданд

Нашр шуд

Расонаҳои Покистон гузориш додаанд, ки ин кишвар бо Ӯзбекистон тавассути Афғонистон тиҷоратро оғоз кардааст.

Нахустин борҳои Ӯзбекистон рӯзи 3-уми ноябр вориди Покистон шуд ва аз ҷониби мақомоти Покистон ва Ӯзбекистон истиқбол гардид.

Мушовири Шӯрои амнияти миллии Покистон Муайид Юсуф барои мулоқот бо ҳамтои ӯзбеки худ ба марзи Турхами Афғонистон сафар кардааст, хабар медиҳанд расонаҳои Покистон.

Мушовир Муайид Юсуф дар саҳифаи “Твиттер”-и худ чанд аксе нашр кард, ки бо мушовири Шӯрои амнияти миллии Ӯзбекистон ва вазири тиҷорати Покистон ба гузаргоҳи марзии байни Покистону Афғонистон дар Торҳам рафтааст ва аз нахустин бори Ӯзбакистон ба Покистон истиқбол кардааст.

Созишномаи тиҷоратӣ миёни Покистон ва Ӯзбакистон моҳи июли соли ҷорӣ ба имзо расида буд.

Пеш аз ин Ашраф Ғанӣ роҳи тиҷоратии Покистон ба Осиёи Марказӣ аз роҳи Афғонистонро баста буд ва дар бадали мусоъид сохтани ин фурсат хоҳони дастёбии Афғонистон ба гузаргоҳҳои Ҳиндустон аз тариқи Покистон буд.

Пас аз ҳокимияти Толибон дар Афғонистон мақомоти Покистон барои нахустин бор аз роҳи Афғонистон ба Ӯзбекистон васл шуданд ва хоҳони афзоиши тиҷорат ҳастанд.

Фотима Муқимӣ: Бозори Тоҷикистон имконияти идеалии Эрон барои рушди тиҷорат бо Аврупост


 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед