Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«Зебонисо» бори сеюм қаҳрамони футболи занонаи Тоҷикистон шуд
Нашр шуд
Дастаи футболи «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии мураббӣ Зебо Гасимова қаҳрамони секаратаи футболи Тоҷикистон байни дастаҳои занона шуд. Қаблан бонувони футболбози Душанбе солҳои 2018 ва 2020 пирӯзиро дар футболи занонаи Тоҷикистон ба даст оварда буданд.
Тиқби иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, имсол дар Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон 10 даста – «Зебонисо» (Душанбе), «Ситора» (Шаҳринав), «Суғд» (Суғд), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Конибодом» (Конибодом), «Хатлон» (Бохтар), «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва Мактаби варзишии Кӯлоб ширкат карданд.
Чемпионат дар ду давра доир гардид, ки дар он ҳар як даста бо ҳамдигар ҳам дар хона ва ҳам дар сафар бозӣ карданд.
Ба навиштаи ин манбаъ, дастаи «Зебонисо» тамоми мавсимро бидуни бохт гузаронда, дар 18 бозӣ 18 ғалаба ба даст овард. Шогирдони Зебо Гасимова дар ин мавсим 193 гол зада, ба дарвозаи худ ҳамагӣ се гол сар доданд.
Медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон дар риштаи футбол миёни бонувон насиби дастаи «Хатлон»-и Бохтар ва медалҳои биринҷӣ насиби футболбозони дастаи «Суғд» шуд.
Аз рӯйи натоиҷи чемпионат Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон беҳтаринҳои солро муайян кард. Беҳтарин дарвозабони чемпионат Муниса Гулова («Зебонисо») дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин нишонзан ба Лайло Ҳалимова («Хатлон»), ки 68 гол задааст, тақдим гардид. Ҷоизаи «Кашфи сол»-ро аз дастаи «Бешкент» Улҷамол Элмуродова гирифт. Зебо Гасимова («Зебонисо») беҳтарин мураббӣ, Нодира Мирзоева (Душанбе) беҳтарин довар миёни занон дониста шуданд. Ҷоизаи беҳтарин бозигари лига ба Сайёра Саидова («Зебонисо») тақдим шуд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед