Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«Зебонисо»-и Душанбе бори чорум қаҳрамони Тоҷикистон шуд
Нашр шуд
Дастаи «Зебонисо»-и Душанбе бори чаҳорум дар торихи худ дар Қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои занона ғолиб омад. Қаблан бонувони футболбози Душанбе дар солҳои 2018, 2020 ва 2022 қаҳрамони кишвар шуда буданд. Дар ин бора Федерасюни футболи Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, дар қаҳрамонии имсолаи Тоҷикистон байни бонувон 13 даста – «Зебонисо» (Душанбе), «Ситора» (Шаҳринав), «Суғд» (Суғд), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Конибодом» (Конибодом), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), «Навбаҳор» (Масчо), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб (МД МВ) ширкат кард.
Дастаи «Зебонисо»-и пойтахт мавсимро бидуни бохт ҷамъбаст кард. Шогирдони Зебо Гасимова дар мавсими имсола 151 гол зада, ба дарвозаи худ 6 гол сар доданд.
Медолҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонӣ насиби дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гардид.
Бонувони футболбози «Бунҷикат»-и Шаҳристон соҳиби медолҳои биринҷӣ гардиданд.
Ҳамзамон Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон бар асоси натиҷаҳои мусобиқот беҳтаринҳои мавсимро муайян кард. Беҳтарин дарвозабони Қаҳрамонии футболи занон дар Тоҷикистон Муниса Гулова аз дастаи «Зебонисо» дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин нишонзан ва бозигари беҳтарин дар лига насиби Сайёра Саидова аз «Зебонисо» гардид, ки ба дарвозаи ҳарифон 41 гол зад.
Ҷоизаи «Кашфиёти сол» ба Маҳлиё Ҷумъақулова аз дастаи «Бунҷикат» супурда шуд. Зебо Гасимова мураббии «Зебонисо» беҳтарин мураббии қаҳрамонии футболи занон дар Тоҷикистон эътироф гардид.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед