Ru  | Tj
«Zero Waste». Лоиҳаи ҳамсари Эрдуғон дар Тоҷикистон низ татбиқ мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«Zero Waste».  Лоиҳаи ҳамсари Эрдуғон дар Тоҷикистон низ татбиқ мешавад
Акс: Интернет

«Zero Waste». Лоиҳаи ҳамсари Эрдуғон дар Тоҷикистон низ татбиқ мешавад

Нашр шуд

Cафири Туркия таъкид кард, ки кишвараш дар якҷоягӣ бо дигар шарикони байналмилалӣ ба татбиқи лоиҳаи «Zero Waste» (партовҳои сифр) дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, Эмре Зеки Карагол дар мулоқот бо Раиси Кумита Баҳодур Шерализода зикр намудааст, ки Туркия кишварҳои дигарро низ ба лоиҳаи «Zero Waste» даъват мекунад.

Дар ин мулоқот тарафҳо перомуни Лоиҳаи партовҳои сифрӣ табодули афкор намудаанд.

Манбаъ гуфтааст, ки Сафири Туркия ба раиси Кумита оид ба ҷараёни иҷрои лоиҳаи «Zero Waste» (партовҳои сифр), дар кишвараш иттилоъ дода, зикр намуд,дар якҷоягӣ бо дигар шарикони байналмилалӣ омода аст ба татбиқи ин лоиҳа дар Тоҷикистон мусоидат намояд.

Баҳодур Шерализода бо изҳори омодагӣ ҷиҳати ҳамроҳ шудан ба ин лоиҳа иброз доштааст, ки барои омӯзиши ин масъала гурӯҳи техникӣ таъсис меёбад.

Лоиҳаи «Zero Waste» (партовҳои сифр) дар Туркия таҳти сарпарастии хонум Омина Эрдуғон, ҳамсари президенти ин кишвар амалӣ мешавад ва алалкай як қатор натиҷаҳо ба бор овардааст.

Партовҳои сифр ба ин манзур аст, ки миқдори истеъмол ва дар натиҷа ҳаҷми партофтан коҳиш ёбад. Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳа кам кардани миқдори партовҳост.



Сабри ҷамил ва шифои комил. Сарвари давлат ба Эрдуғон ва мардуми турк ҳамдардӣ изҳор кард

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед