Ru  | Tj
Жеенбеков ба истеъфо рафт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Жеенбеков ба истеъфо рафт

Жеенбеков ба истеъфо рафт

Нашр шуд

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар дод, ки президенти Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков истеъфо навиштааст. Як рӯз пеш ӯ машваратҳо дар бораи истеъфои худро бо сарвазири нави кишвар Содир Ҷапаров оғоз кард, хабар медиҳад Интерфакс. 

Президенти Қирғизистон, баъди истеъфо доданаш , аз сарвазир Ҷапаров ва дигар сиёсатмадорон даъват кард, ки тарафдоронашонро аз пойтахт барорад ва зиндагии осоиштаро баргардонанд. Президент қарори истеъфояшро чунин шарҳ дод, «Ман қудратро дар даст надорам. Ман намехоҳам дар таърихи Қирғизистон ҳамчун президенте бошам, ки хун рехта, ба сӯи шаҳрвандони худ тир холӣ кунад. Аз ин рӯ, ман тасмим гирифтам, ки истеъфо диҳам ”, - гуфта мешавад дар суроғаи ҷаноби Жээнбеков.

Сооронюбай Шарипович Жээнбеков 16 ноябри соли 1958 дар вилояти Оши Қирғизистон ба дунё омадааст. Аз соли 2016 то 2017 ҳамчун сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон ва аз соли 2017 то 15 октябри 2020 вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистонро бар душ дошт.

Бесарусомониҳои Қирғизистон баъд аз интихоботи парлумони ба вуқуъ омад, ки дар он ҳизби "Биримдик", "Мекеним Қирғизстан", ва ҷонибд "Қирғизстан" и "Бутун Қирғизстан" иштирок намуданд ва овозҳои лозимиро ба даст оварда натавонистанд.

Баъдан кумитаи марказии интихоботии Қирғизистон интихоботро баргузор нашуда эълон кард.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед