Ru  | Tj
Жогорку Кенеш қарордоди бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистонро тасдиқ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Жогорку Кенеш қарордоди бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистонро тасдиқ кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Жогорку Кенеш қарордоди бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистонро тасдиқ кард

Нашр шуд

Вакилони парлумони Қирғизистон лоиҳаи қонун дар бораи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистонро ба тасвиб расонданд. Санади тасвиби созишномаи дахлдор  байни ҳукуматҳои се кишвар якдилона қабул шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти парлумони Қирғизистон хабар медиҳад.

Ирисбек Бариев, муовини вазири нақлиёт ва иртибототи Қирғизистон дар парлумон гуфт, ки роҳи нави оҳан дастрасӣ ба бозорҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Ховари Миёнаро боз мекунад, ки рақобатпазирии ҳамлу нақлро тавассути коҳиш додани масофа ва вақти сафар афзоиш медиҳад.
 
«Ин масир имкон медиҳад, ки интиқоли бор аз Чин ба Қирғизистон, инчунин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна, аз ҷумла Туркия ва минбаъд ба Иттиҳоди Аврупо таъмин шавад», - гуфт Бариев.

Бояд гуфт, ки татбиқи ин лоиҳаи роҳи оҳан аз сӯи корхонаи муштараки таъсисдодаи се кишвар сурат мегирад, ки ҳиссаи бештари он, яъне 51%, ба ширкати "Роҳи оҳани Чин" тааллуқ дорад. Ширкатҳои давлатии Қирғизистон ва Узбекистон бошад ҳар кадом  24,5%  саҳмро дар ин корхона соҳиб ҳастанд.

Ҳамзамон давлати Чин барои бунёди ин  хатти роҳи оҳан ба маблағи 2 миллиарду 350 миллион доллар қарз ҷудо мекунанд.

Маблағи боқимонда барои сохтмони роҳи оҳани "Чин - Қирғизистон - Узбекистон"-ро бояд Бишкек ва Тошканд сармоягузорӣ кунанд.
 
Гуфтанист, роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон дар масири Қашғар-Торугарт-Макмал-Ҷалолобод-Андиҷон мегузарад.  Дарозии ин роҳ ҳудуди 454 километрро ташкил медиҳад, ки 280 километри он аз қаламрави Қирғизистон мегузарад.  Дар тӯли ин роҳи оҳан сохтани 18 истгоҳ, 81 пули калону миёна ва 41 нақб пешбинӣ шудааст.
 
Арзиши сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон 4,7 миллиард доллар ва мӯҳлати сохтмони ин роҳи оҳан шаш сол аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед