Ru  | Tj
Зиёӣ ва намояндаи махсуси Чин масоили муҳими минтақавиро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Зиёӣ ва намояндаи махсуси Чин масоили муҳими минтақавиро баррасӣ карданд
Акс: ASIA-Plus

Зиёӣ ва намояндаи махсуси Чин масоили муҳими минтақавиро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Хуршед Зиёӣ бо намояндаи махсуси Ҳукумати Чин мулоқот ва масоили муҳиvми минтақавӣ, аз ҷумла дурнамои вазъи Афғонистон ва таъсири он ба Осиёи Марказиро баррасӣ кард.

Ба иттилои Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президент, дирӯз роҳбари ин марказ Хуршед Зиёӣ бо Намояндаи махсуси Ҳукумати Чин оид ба корҳои Авруосиё Ли Хуэй мулоқот кард ва масоили минтақавӣ аз меҳварҳои аслии гуфтугӯи онҳо буд.

Манбаъ меафзояд, Зиёӣ дар ин дидор ҳамчунин аз сатҳи равобити ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки дар сӣ сол Душанбеву Пекин тавонистанд ҳамкории байнидавлитиро аз сифр ба дараҷаи шарикии стратегӣ бардоранд.

Гуфта мешавад, дар ин дидор Ли Хуэй ҳамчунин бо шарҳи самтҳои аслии сиёсати хориҷии Чин бобати стратегияи ин кишвар дар шароити пасопандемия маълумоти муфассал додааст.

Бояд гуфт, ки имсол 30-юмин солгарди барқароршавии равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистону Чин аст. Қаблан ба ин муносибат миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин табодули паёмҳои табрикӣ сурат гирифта буд.

Роҳбари Чин дар паёми табрики худ аз ҷумла гуфта буд, ки мардумони Тоҷикистону Чин пас аз паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19 якдилона ба ҳамдигар кӯмак карда, ҳама мушкилиҳоро паси сар менамоянд ва бародарии воқеиро ба намоиш мегузоранд.

Қадами дигар дар ҳалли масоили марзӣ. Содир Ҷабборов ба Душанбе меояд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед