Ru  | Tj
Зиёда аз 1 миллиард сомонӣ. Корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд дар соли 2021 маҳсулоти гуногун истеҳсол намудаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Зиёда аз 1 миллиард сомонӣ. Корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд дар соли 2021 маҳсулоти гуногун истеҳсол намудаанд
Акс: SugdNews

Зиёда аз 1 миллиард сомонӣ. Корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд дар соли 2021 маҳсулоти гуногун истеҳсол намудаанд

Нашр шуд

Феълан шумораи корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Хуҷанд 174 адад буда, зиёда аз 50-тои он беш аз 60 номгӯйи маҳсулоти хӯрокаро истеҳсол менамоянд.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд чанде қабл Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолию саноатии шаҳр ба коргоҳҳои ҶДММ "Субҳи заррин” ва Фабрикаи мурғпарварии “Назар” ташриф овардааст.

Гуфта мешавад, ки "Субҳи Заррин" дар як моҳ 450 тонна гӯшти парҳезии парандаро истеҳсол ва банду баст менамояд. Инчунин дар ин корхона дар як сол дар умум 360 тонна маргарин ва равғани зард истеҳсол мегардад.

Ҳамчунин, дар Фабрикаи парандапарварии “Назар” беш аз 30 000 сар чӯҷаи зоти бройлерӣ парвариш карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар фабрикаи мазкур чӯҷаҳо ба воситаи технологияҳои компютерӣ бо обу ғизо таъмин карда мешаванд ва дар корхона дар як сол беш аз 5400 тонна гӯшти паранда истеҳсол карда мешавад.

Таъкид шудааст, ки маҳсулоти тайёри фабрика бо мошинҳои махсуси яхдондор ба фурӯшгоҳҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе интиқол меёбанд.

Фабрикаи паррандапарварии "Назар" қасд дорад, ки дар оянда мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба кишварҳои минтақа ҳам гӯшти парҳезии парандаро содир намояд.

Қайд менамоем, ки соли гузашта Сарвари давлат зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдрас шуда буд, ки соли 2020 дар мамлакат истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017-ум 4,5 баробар боло рафтааст.

Ҳамчунин, то соли 2017 дар вилояти Суғд миқдори фабрикаҳои мурғпарварӣ 65 ададро ташкил намуда, феълан шумораи онҳо ба 125 адад расидааст.


Сарвазири Тоҷикистон ва Сафири Белорус таъсиси корхонаҳои саноатии муштаракро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед