Ru  | Tj
Зубайдзода бо вазирони хориҷиву дохилии Сурия мулоқот анҷом дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Зубайдзода бо вазирони хориҷиву дохилии Сурия мулоқот анҷом дод
Акс: Интернет

Зубайдзода бо вазирони хориҷиву дохилии Сурия мулоқот анҷом дод

Нашр шуд

Сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода дар Димишқ бо вазирони корҳои хориҷӣ ва дохилии Ҷумҳурии Арабии Сурия дидору гуфтугӯ кард.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафири Тоҷикистон дар Сурия рӯзҳои 6-ум ва 7-уми апрел дар Димишқ бо вузарои корҳои дохилӣ ва хориҷии ин кишвар Файсал ал-Миқдод ва Муҳаммад Холид Раҳмун мулоқот кард.

Тарафҳо дар ин дидор густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи Душанбеву Димишқ дар арсаҳои гуногун ва  ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Манбаъ меафзояд, таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ ва табодули таҷриба миёни сохторҳои соҳавӣ аз дигар меҳварҳои ин мулоқотҳо будааст.

Тарафҳо ҳамчунин перомуни вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон табодули афкор кардаанд.

Бояд гуфт, ки моҳи декабри соли 2020 низ Зубайдзода ба Димишқ рафтаву бо Вазири корҳои дохилӣ ва муовини раисҷумҳури Сурия мулоқот карда буд. Он давра муҳимтарин масъала баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан буд, ки баъдан дар чандин марҳила амалӣ карда шуд.

Зубайдзода ҳамзамон Сафири Тоҷикистон дар Қувайт ва Ироқу Сурия аст.

Вай барои берун овардани шаҳрвандон, махсусан кӯдакони тоҷик аз ин ду кишвари ҷангзадаи арабӣ ду соле пеш хеле талош кардаву муваффақ ҳам шуда буд.


Раҳимзода ва Сафири Фаронса пешгирии ҷинояткории фаромиллиро баррасӣ карданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед