Ru  | Tj
Зулмай Халилзод: “Ҳукумати собиқи Афғонистон, мардум ва артиши он метавонистанд мисли Украина бар Толибон муқовимат кунанд”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Зулмай Халилзод: “Ҳукумати собиқи Афғонистон, мардум ва артиши он метавонистанд мисли Украина бар Толибон муқовимат кунанд”
Акс: Интернет

Зулмай Халилзод: “Ҳукумати собиқи Афғонистон, мардум ва артиши он метавонистанд мисли Украина бар Толибон муқовимат кунанд”

Нашр шуд

Зулмай Халилзод, фиристодаи вижаи собиқи Амрико дар умури сулҳ дар Афғонистон, мегӯяд, ҳукумати собиқи Афғонистон, мардум ва артиши он метавонистанд, ки мисли Украина бар Толибон* муқовимат кунанд.

Халилзод ин изҳоротро дар мусоҳиба бо “Би-би-си”-и форсӣ баён доштааст. Вай дар мусоҳибае, ки шаби гузашта нашр шуд, дар ростои солгарди дусолагии тавофуқоти Давҳа гуфт: "Ҷанги Амрико дар Афғонистон хуб намегузашт ва Вашингтон тасмим гирифт, ки тарк кунад."

Халилзод, ки худаш тавофуқномаи Давҳаро имзо кардааст, гуфтааст, Амрико бар асоси созиш мехост Афғонистонро тарк кунад. Ӯ илова намуд, ки Иёлоти Муттахидаи Амрико ба чунин созиш муяссар гардид. Аммо ҳукумати пешини Афғонистон ва Толибон натавонистанд ба созиши сиёсӣ бирасанд.

Халилзод афзуд, ҳукумати Ашраф Ғанӣ бар асоси як ҳисобу китоби иштибоҳ, музокиротро ҷиддӣ нагирифт ва вақти зиёдро талаф кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати қаблии Афғонистон ба хотири тағйири сиёсати Вашингтон дар мавриди хурӯҷи нерӯҳо дучори шиканандагӣ шуд.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Баррасии амнияти минтақа ва сулҳ дар Афғонистон дар гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Залмай Халилзод


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед