Ru  | Tj
«Ҷамъият»-и тоҷикон муттаҳид мешавад. Ато, Раббонӣ, Масъуд, Исмоилхон, Қонунӣ ва дигарон ихтилофҳоро канор гузоштанд
«Ҷамъият»-и тоҷикон муттаҳид мешавад. Ато, Раббонӣ, Масъуд, Исмоилхон, Қонунӣ ва дигарон ихтилофҳоро канор гузоштанд
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

«Ҷамъият»-и тоҷикон муттаҳид мешавад. Ато, Раббонӣ, Масъуд, Исмоилхон, Қонунӣ ва дигарон ихтилофҳоро канор гузоштанд

Нашр шуд

Ато Муҳаммади Нур, волии собиқи Балх ва раиси иҷроияи Ҳизби ҷамъияти Исломии Афғонистон дар паёми идона гуфт, ки байни раҳбарони ҷамъият ҳеч ихтилофи вуҷуд надорад ва онҳо омодаанд бидуни ҳеч як имтиёзталабӣ дар зери як сақфи воҳид бар зидди гурӯҳи террористии Толибон* мубориза кунанд. Вай дар ин паём таъкид кард, «дар нишаст бо бародарони азизам, муҳтарам Салоҳиддин Раббонӣ, муҳтарам Амир Муҳаммад Исмоилхон, муҳтарам Муҳаммадюнус Қонунӣ ва муҳтарам Аҳмад Масъуд ба ин тааҳҳуд ноил омадем, ки дар канори ҳам барои наҷоти кишвар дар як сафи воҳид бидуни ҳеч як имтиёзталабӣ ва мавқиф барои мардум ва меҳан мубориза намоем».

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки мардум аз парокандагии сарони ҷамъият, бавижа раҳбарони тоҷик интиқод мекунанд ва ихтилофҳову кашмакашҳои байнихудиро омили қувватгирӣ ва тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон медонанд.

ҚАВИТАРИН ҲИЗБ ПОРЧА-ПОРЧА БУД

Ҳизби ҷамъият таърихи тӯлонии ҳузур дар саҳнаҳои ҷанг ва майдони сиёсатро дорад. Бунёнгузори ҳизб Бурҳониддин Раббонӣ яке аз чеҳраҳои номдори сиёсати Афғонистон ва ҳидояткунандаи мардум алайҳи ҷанг бо Шӯравӣ буд. Баъди маргаш дар иттиҳоди ворисонаш дарз пайдо шуд ва шикофи ба вуҷудомада бадани асосии ҷамъияти исломиро порча-порча кард. Баъди марги Аҳмадшоҳ Масъуд, яке аз қавитарин фармондеҳони ҳизб устод Бурҳониддин Раббонӣ ба ҳошия ронда шуд ва кори раҳбарии ҳизбу ҷавонзанӣ дар майдони сиёсат ба шогирдони навкор дар умури раҳбарӣ супурда шуд. Тафриқа дар байни раҳбарони ин ҳизб, ки баъзеҳо онро кори Карзай ва Ғанӣ маънидод мекунанд, шерозаҳои устувори ин ҳизбро аз ҳам гусаст.

Сарони ин ҳизб қисме ҳизби нав таъсис дода, аз ҳизб ҷудо шуданд. Қисми дигар бо даъво бар сари раҳбарӣ шерозаҳои устувори ҳизбро аз ҳам гусастанд. Авҷи буҳрони ин ҳизб ба замони ҳукумати Ашраф Ғанӣ рост меояд, ки ду сарони ин ҳизб – устод Ато Муҳаммади Нур ва Салоҳиддин Раббонӣ бар сари курсии раҳбарӣ даъво намуданд. Ин ихтилофҳо боиси ба ду ҷиноҳ тақсим шудани ҳизб гардид.

Дар авҷи буҳрони ҳизбӣ Ато Муҳаммади Нур бо интиқод аз шеваи раҳбарии Салоҳиддин Раббонӣ дар як иқдоми камсобиқа шӯроеро баргузор карда, худро раҳбари ҳизб муаррифӣ кард. Иқдоме, ки Салоҳиддин Раббонӣ онро кудатои дохилиҳизбӣ хонда, хилофи ойинома ва меъёрҳои ҳизб талаққӣ кард. Ато Муҳаммади Нур борҳо бо лаҳни тунд аз «фейсбукчаллон»-ҳои Салоҳиддин Раббонӣ ёдовар шуда, гуфта буд, ки бо алфози зишту таҳқиромез бар ӯ метозанд. Ба назар мерасид, ки ин ихтилофҳо амиқ аст ва дубора сари як суфра ҷамъ омадани раҳбарони кори содае нест. Вале Ато Муҳаммади Нур дар арафаи иди Қурбон бо пахши як баёния аз канор гузоштани ихтилофҳо ва ба сафи воҳид ҷамъ шудан гузориш дод.

ҒАНИИ «ТАРИҚАНДОЗ» ҶАМЪИЯТИҲОРО БА ҶОНИ ҲАМ АНДОХТ

Бисёриҳо бар ин боваранд, ки Ғанӣ ва тимаш бо як иқдоми санҷидашуда Ато Муҳамади Нурро дар канори худ гирифтанд ва бо ин амал решаҳои ихтилоф ва тафриқаро дар байни сарони ҷамъият сабзтар намуданд. Ин ихтилофҳо асосан пас аз баргузории интихоботи соли 2015 решадор шуд.

Он замон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади интихоботии Ҳизби ҷамъияти Исломии Афғонистон барандаи интихобот шуд. Вале рақибаш Ашраф Ғанӣ бо дасткорӣ дар натиҷаҳои райъдиҳӣ интихоботро ба даври дувум кашонд. Интихобот ба як ҷанҷоли сиёсии калон табдил шуд ва дар даври дувум коргурӯҳи интихобот ба баранда эълон намудани Ашраф Ғанӣ буҳронро ба авҷи худ расонд. Дар ниҳоят бо дахолати Амрико ҳукумати тавофуқӣ бо ҳузури Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ шакл гирифт ва ин ҳукумат то поёни худ бо кашмакаҳҳову ихтилофҳо шерозаҳои ноустувори низоми сохтаи Амрикоро ноустувортар кард.

Амалкарди заифи доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар баробари зиёдахоҳии Ашраф Ғанӣ хашми устод Ато Муҳаммади Нурро барангехт ва ин ҷо буд, ки парокандагӣ ва ихтилофҳо дар байни сарони ҷамъият реша давонд.

Пас аз барканории устод Ато Муҳаммади Нур аз мансаби волии Балх тафриқа дар байни сарони ҷамъият моҳияти амиқтар пайдо кард. Ато Муҳаммади Нур бидуни риояти урфи сиёсӣ муттаҳид ва дӯстонашро дар камкорӣ ва буздилӣ муттаҳам мекард. Ӯ дар ибтидо ба муқобили доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҷабҳа гирифт ва пасонтар дар муқобили Салоҳиддин Раббонӣ. Ӯ то ҷое аз муттаҳидони худ фосила гирифт, ки дар интихоботи соли 2018 дар муқобили онон аз Ашраф Ғанӣ ҳимоят кард ва ӯро барандаи интихобот муаррифӣ намуд.

Баъди тасаллути Толибон ба Афғонистон сарони ҷамъият аксаран ба хориҷ паноҳанда шуданд ва дар тӯли беш аз 21 моҳи ҳукумати Толибон дар як сардагумӣ ва бебарномагӣ ба сар мебаранд. Эъломи ҳалли ихтилофҳо ва дубора ҷамъ шудан дар як сафи воҳид умедро дар дили тарафдоронашон зинда кардааст. Ба бовари коршиносон, дар шароити феълӣ ҷаҳон ба як шарик ё олтернативи қавии зиддитолибонӣ ниёз дорад ва ин нақшро, мисли давраи гузашта, фақат ҳизби ҷамъият метавонад иҷро кунад.

БУҲРОНИ СИЁСӢ «ҶАМЪИЯТИҲО»-РО МУТТАҲИД МЕКУНАД

Аз замони тасаллути толибҳо ба хоки Афғонистон беш аз ду сол гузашт. Ин гурӯҳи ифротӣ то ҳеч тағйири бунёдиеро дар амалкарди худ буруз надодааст ва тибқи хоста ва манофеъаш ин кишварро идора мекунад. Гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон, ки умед доштанд бо ташкили ҳукумати «фарогир» ба Афғонистон бармегарданд, бо радди ин хост аз ҷониби толибҳо умедашон оҳиста-оҳиста ранг мебозад.

Дар чунин вазъият гурӯҳ ва аҳзоби сиёсии муҳоҷир ногузиранд дар чорчӯби як эътилофи муттаҳиди зиддитолиб гирди ҳам биоянд ва дар муқобили ин гурӯҳи террористӣ амал намоянд. Ин зарурат, ба гуфтаи коршиносон, сарони ҷамъиятро водор намуда, ки ихтилофҳоро канор гузоранд ва дар зери сақфи воҳид ҷамъ шаванд.

Суоли асосӣ ин аст, ки пас аз ҳалли ихтилофи «ҷамъиятиҳо» ва ба вуҷуд омадани «ваҳдати амал» дар байни онҳо то куҷо муодилаи сиёсӣ тағйир мекунад ва ин гурӯҳ чӣ иқдоми ҷиддӣ ва таъсиргузор метавонад дар муқобили толиб анҷом бидиҳад?

Таҳлилгари масоили сиёсӣ Шевои Шарқ бемудириятӣ ва раҳбарии нодурустро омили асосии ихтилофҳо медонад ва аз ҷониби дигар таъкид мекунад, ки сиёсатгузории бемуҳосиба боис шуд, ки тарафдорони ин ҳизб ҳар кадоме ба оғӯши ину он бираванд ва ҳизб порча-порча шавад. Ӯ мегӯяд, «Ҷамъияти Исломии Афғонистон агар инсиҷоми раҳбариро ҳифз кунад, тарҳу барномаҳое, ки як гурӯҳ аз мунтақидон ироа мекунанд, дар назар бигирад, майдон майдони Ҷамъияти Исломист. Ҷамъият дар кулли Афғонистон ҳузур дорад. Мутассифона, баъд аз шаҳодати устод Бурҳониддин Раббонӣ ҷамъият дучори ихтилоф, кӯтоҳбинӣ ва рӯзмаррагиҳо шуд. Яке вазири хориҷа, яке шарики қудрат, яке муовини аввал, дигаре ҳомии Атмар ва теъдоде пул гирифтанду зиндагӣ карданд ва касони дигаре ҳам аз бекасиву ночорӣ ба оғӯши Ғанӣ рафтанд».

Узви шӯрои раҳбарии ҳизби ҷамъият Ҳисомиддин Толиқонӣ дар суҳбат бо расонаҳо ин иттиҳоди сарони ҳизбро калиди роҳи ҳалли мушкили Афғонистон дониста, гуфт: «Мо то замоне, ки устод Раббонӣ дар қайди ҳаёт буд, ҳеч чеҳраи сиёсиеро надидем, ки дар баробари устод ҷасорат бикунад ва беҳурматӣ аз худ нишон бидиҳад. Ин як усул ва одоби ҳизби ҷамъият аст. Ба ин хотир чеҳраҳои шохисе, ки дар ҷамъият ҳастанд, барои тамоми ҳаводорони ин ҳизб қобили эҳтиром ва қобили қадранд. Таваққӯъ ва интизори мардуми Афғонистон аз ҷамъияти исломӣ хеле зиёд аст. Аз ин рӯ сарони ҷамъият ба ин натиҷагирӣ расиданд, ки иттиҳод, ҳамоҳангӣ, инсиҷом, ҳамсӯиву ҳамгироӣ дар ҷамъияти исломӣ метавонад калиди роҳи ҳалли мушкили Афғонистон бошад».

Ба назар мерасад, пас аз моҳҳои интизорӣ сарони сиёсии Афғонистон ба ин натиҷа расиданд, ки дигар ба танҳоӣ ва бо доман задани ихтилофҳо наметавонанд дар муқобили Толибон коре анҷом бидиҳанд. Бо ин дидгоҳ аксари раҳбарони зиддитолиб мехоҳанд якдаст ва муттаҳидона дар муқобили гурӯҳи террористии толиб муборизаро оғоз кунанд. Гуфта мешавад, ки нишасти суратгирифтаи сарони ҷамъият дар Туркия боиси эҷоди як сақфи воҳид дар муқобили Толибон шудааст. Ин сарони умдатан тоҷики ҷамъият ду гузинаи амал дар муқобили Толибонро доранд: яке водор намудани Толибон ба музокирот ва ташкили ҳукумати фарогир, гузинаи охир муборизоти мусаллаҳона дар қиболи ин гурӯҳи террористӣ аст. Юнус Қонунӣ яке аз аъзои шӯрои раҳбарии ҷамъияти исломӣ ахиран изҳор дошт: «Идеологияи толиб, сиёсати толиб, бархӯрди толиб, инҳисорталабии толиб ва ин ки ҳеч навъ нишона ва тамоюле барои тағйир аз тариқи гуфтугӯҳои сиёсиро надорад, барои мо рӯшан аст. Вале диди мо ҳам бояд рӯшан матраҳ шавад ва инро бояд ҳама донанд, ба ҳеч унвон ба ҳеч шакле пазируфтани иморати Толибон барои мардуми Афғонистон қобили қабул нест. Инро мо роҳи ҳалли мушкили Афғонистон намедонем. Ба назари ман, роҳи ҳалли қазияи Афғонистон ин аст, ки мо бояд як тағйири бунёдиро дар Афғонистон ба вуҷуд биёварем ва ин тағйир ба сурате мумкин аст, ки мо аз тариқи гуфтугӯи сиёсӣ битавонем заминаи тағйирро мусоид бисозем, ба гунае, ки толибҳо ҳам ба унвони як таҳрик, ба унвони як ҳизби расмӣ битавонанд рақобатҳои низомии худро ба рақобатҳои сиёсӣ табдил диҳанд».

Қобили ёдоварӣ аст, ки дар оғози музокироти Давҳа ба раҳбарии намояндаи вижаи Амрико Халилзод Толибҳо борҳо тарафи музокироти худро Ҳизби ҷамъият хонда ва тақозои музокира бо ин гурӯҳро карда буданд. Вале ҳукумати вақти Афғонистон бо тафриқаандозӣ шерозаҳои ваҳдати ин ҳизбро аз ҳам пошид, ки сарони он дар масъалаи интихобот ва на дар масъалаи музокираи толиб дидгоҳи воҳид надошт. Ҳоло ин иттиҳод то чӣ вақт пойдор мемонад, вақт нишон хоҳад дод, вале зарурати таърихӣ инро нишон медиҳад, ки ҳамаи сарони ҷамъият, ки умдатан тоҷик ҳастанд, дар як киштӣ равонанд ва имкон надорад, ин кишти ду се чор ё панҷ нохудо дошта бошад.

*Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон мамнӯъст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед