Ru  | Tj
«Ҷиноятшиносон» ва ҷомеашиносон. Кӣ бояд решаи ҷанҷол сари «блогер»-онро баррасӣ кунад?
«Ҷиноятшиносон» ва ҷомеашиносон. Кӣ бояд решаи ҷанҷол сари «блогер»-онро баррасӣ кунад?
Аксҳо: аз Интернет

«Ҷиноятшиносон» ва ҷомеашиносон. Кӣ бояд решаи ҷанҷол сари «блогер»-онро баррасӣ кунад?

Нашр шуд

Чанде пеш боздошту ҳабс ва узрхоҳии духтарони блогер аз ҷониби мақомоти қудратӣ миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён овард. Бархе аз амали мақомот ҳимоят карда, кори онҳоро дуруст гуфтанд. Қисми дигар аз поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои духтарон нигаронӣ карданд. Бо гузашти вақт ин баҳс хомӯш шуд, вале проблемаи решагии мавзӯъ боқӣ мондааст, ки дар чунин ҳолат кӣ бояд дастбакор шавад: «ҷиноятшиносон» ё ҷомеашиносон?

ҶАЗО БИДУНИ МОДДАИ МУШАХХАС

Баҳси дурусту нодурустии рафтори духтарони блогер замоне оғоз шуд, ки мақомот як духтари 18-сола аз шаҳри Бӯстонро, ки бо пахши наворҳои баҳсбарангез дар саҳифаи «Instagram» маъруф буд, «бинобар истифодаи ибораҳои таҳқиромез ва хусусияти шаҳвонидошта» ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабс кард.

Баъди як ҳафта дар Интернет сабтҳои видеои узрхоҳии алоҳидаи овозхони ҷавон Рафоати Ҷамшед, блогер Ҷонон Ашурова ва раққоса Суман Қамбарова нашр шуд, ки онҳо барои рафтори ношоистаи худ аз мардуми тоҷик узр мепурсанд ва бо изҳори сипос ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ваъда медиҳанд, ки аз ин ба баъд ба либоси миллӣ ва ахлоқу арзишҳои миллӣ арҷу эҳтиром гузошта, даст ба рафторе нахоҳанд зад, ки духтари тоҷикро бадном кунад.


Дар ин ҳолат, ягон ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон доир ба барои суҳбат даъват шудани ин ҳунармандон хабари расмӣ нашр накард. Маркази матбуоти ВКД аз сабти ин видеоҳо аз ҷониби ниҳодҳои зирабти ин вазорат изҳори бехабарӣ кард.

Чанд рӯз пас аз ин, Раёсати ВКД дар Душанбе аз муҷозоти як ҷавонбонуи блогер барои дашномҳои қабеҳ дар пахши мустақимаш дар шабакаи «Тик-Ток» хабар дод. Мақомот гуфтанд ӯ ҷарима шуд, вале дар асоси кадом модда чӣ қадар ҷарима шуд, хабар дода намешавад.

Милитсияи пойтахт гуфт, «ин зан бо хости як қатор корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки наворҳои пур аз дашномҳои қабеҳи ӯро ба онҳо равон карданд, дастгир ва нисбаташ чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуд».

Дар ҳамин ҳол, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гуфт, минбаъд низ боздошту ҳабси духтарони блогерро идома медиҳад, «чунки он аз ҷониби шаҳрвандон ҳамовозӣ пайдо кардааст».

Ба таъкиди ин ниҳод, мақсад пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифатнокию одоби истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва нигоҳ доштани фарҳангу ҳувияти миллӣ аст.

Дар се ҳолат ҳам мақомоти қудратии кишвар моддаи мушаххасеро, ки блогерони ҷавон бо он ҷазо дода шуданд, зикр накардааст. Ҳам аз ВКД ва ҳам аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нагуфтанд, ки духтарони блогер бо кадом модда ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки акси духтарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва онҳо аллакай ҷазо гирифтаанд.

 

ҶОМЕАШИНОС: АВВАЛ СУҲБАТ, КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ВА БАЪД ҶАЗО БОЯД ДОД

Пахши ин ҳама иттилоъ ва он ҳам бо аксу навори духтарон байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён овард. Бисёриҳо амали мақомотро дуруст, саривақтӣ ва қобили дастгирӣ хонданд. Вале буданд нафароне, ки ба блогерон ҳамовозӣ карда, кори мақомотро нодуруст ва онро нақзи ҳуқуқу озодиҳои духтарон унвон кардаанд. Вале тавре гуфта шуд, касе ба решаи мавзӯъ дахл накард ва нагуфт, ки чаро дар чунин ҳолат ҷомеашиносон кор накарданд ва ҳалли ин масъала якбора ба «дӯш»-и мақомоти қудратӣ афтод?


Зулайхо Усмонова, ҷомеашиноси тоҷик бар ин назар аст, ки дар чунин ҳолат мақомот бо ҷомеашиносон, идеологҳо ва ҷомеаи маданӣ (шаҳрвандӣ) бояд ҳамкорӣ мекард, пешниҳоди онҳоро дар робита ба рафтори духтарони блогер мегирифт ва баъд онҳоро «ҷазо» медод.

Ӯ афзуд, мақомот чунин мешуморанд, ки бо роҳи боздошт ва ҳабс мешавад ҳамаи уҳдадории худро иҷро кард, вале он самараи баръакс медиҳад ва норозигиро дар ҷомеа ба миён меорад.

«Бояд аввал ба масъала расидагӣ кард, онро омӯхт, ҳамин тариқ, духтаронро ба суҳбат даъват карда аз онҳо мушкилашонро пурсид. Баъд бо ҷалби равоншинос бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид. Агар ислоҳ нашуд, пас метавон чораҳои сахти ҷазоро истифода кард», - тавсия дод ин ҷомеашиноси тоҷик.

Ӯ бар ин назар аст, ки дар чунин ҳолатҳо институтҳои ҷомеашиносӣ ва блоки идеологии кишвар бояд дар бораи рафторҳои гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ тадқиқоти амалӣ гузаронанд ва моҳияту сабаби чунин ҳодисаҳо ошкор кунанд.

Вале мегӯяд, институтҳои тадқиқотии мо ба таҳқиқоти модерн ё мубрами рӯз кам даст мезананд, чунки онҳо барои ин маблағ намегиранд ва нақшаи панҷсолаи онҳо қаблан аз ҷониби ҳукумат тасдиқ мегардад.

Ӯ барои ҳалли чунин масъалаҳо ҳамкории давлат, махсусан мақомоти қудратиро бо пажӯҳишгоҳҳо ва ҷомеаи маданӣ (шаҳрвандӣ) зарур медонад. Ҳарчанд мегӯяд, ҳукумат бо ҷомеаи маданӣ хеле кам ҳамкорӣ мекунад.

«Амалҳои духтарон барои ҷомеа хатар надошт, бинобар ин онҳо набояд ба ҷазои маъмурӣ ва ё ҷиноӣ ҷалб мешуданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онҳоро муҷозоти сахт карданд, вале дар чунин ҳолатҳо мо бояд намудҳои дигари «ҷазо», монанди маҷбур кардан ба корҳои ҷамъиятиро фикр кунем. Бигзор онҳо ба бемористону ятимхона ва мактабҳо кумак кунанд», - гуфт ин ҷомеашиноси тоҷик.

Бояд гуфт, ки дар ин байн нафароне ҳам буданд, ки тасмими мақомотро барои «ҷазо» додани духтарони блогер дастгирӣ карданд ва ҳатто бархе ҷазоҳоро хеле сабук хондаанд.

«10 рӯз барои рафтори бадахлоқона ва дуруст!»— навиштааст дар сахифаи худ навозанда Олим Ширинов. — «Агар волидайн онҳоро тарбия накунанд, давлат ба ин кор машғул мешавад».

Олим Ширинов навиштааст, духтари 18-сола, бахусус тоҷик набояд ба чунин амлаҳо роҳ диҳад. Бе муҷозот гузоштани чунин рафторҳо ба маънии як қадами дигар ба иҷозаи ҳамаи амалҳои манъшуда аст, - гуфтааст ӯ дар дар сахифаи худ дар «Фейсбук».

 

«АСОСИ ПРОБЛЕМА КОСТАГӢ ВА ФАСОДИ АХЛОҚИСТ»


Дар ҳамин ҳол, Давлатмурод Каримов, шореҳи иҷтимоӣ раванди боздошту ҳабс ва узрхоҳии духтарони блогерро як навъ кашидани лаҷоми блогерҳо новобаста аз ҷинс медонад.

Ӯ гуфт, бояд посухи ин гуна блогерҳоро ҷомеаи маданӣ диҳад ва на ҳама корро дар доираи «ҷиноятшиносӣ» метавон ҳал кард. Ҷомеашиносон бояд таҳлили вазъӣ кунанду роҳи ҳалро пайдо кунанд.

«Ин сад дарсад масъалаи идеологист. Насли нисбатан калонтар, ки аз замони шӯравӣ баҳра бурдаанд, даст ба чунин амалҳо камтар мезананд. Акнун насли ҷавон, ки фарзанди замони худанд, бояд дар рӯҳияи идеологияи миллӣ тарбият ёбанд. Вале то чӣ андоза ин механизм кор мекунад, маълум нест», - гуфт Каримов.

Номбурда афзуд, ҳоло мақомот бо пайомадҳои проблема мубориза мебарад, ҳарчанд асоси проблема костагӣ ва фасоди ахлоқист.

Ба таъкиди вай, бояд дар ин росто ҷомеашиносон дастбакор шаванд ва роҳҳои ҳалли проблемаро ба мақомот пешниҳод кунанд.

«Ҳоло дар мубориза ба ҳар гуна зуҳуроти номатлуб танҳо «ҷиноятшиносон» дастбакоранд. Аз кори ҷомеашиносон дараке нест. Чунки худ илми ҷомеашиносӣ, ки яке аз афзалтарин улуми иҷтимоӣ ё худ инсонист, рушд накардааст. Агар дар тарбияи ҷомеа аз ҷониби ҷомеашиносон як кансепсияи мукаммал таҳия шавад, пас механизми иҷрои онро тавассути ВАО метавон ба роҳ монд», - зикр кард ӯ.

Ин шореҳи тоҷик бар ин назар аст, ки бо ин шеваи бархӯрд ба ҷуз аз доғдор (доғи судӣ) кардани ҷомеа дигар натиҷае ба даст намеояд.

«Бад-ин шеваи мубориза – тарбияе, ки мақомот пеша кардааст, 100 сол ҳам гузарад ҳам, муваффақ шуданашон дар гумон аст. Дарҳамбарҳамӣ дар ҳар соҳа ҷомеаро якрангу якнавохт кардааст», - хулоса кард Давлатмурод Каримов.

 

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОИРО НАЗОРАТ МЕКУНАНД?


Ҳарчанд мақомоти қудратӣ аз ҳабс ё ҷазои духтарони блогер хабар медиҳанд, вале моддаи мушаххаси қонунгузориро намегӯянд, ки дар асоси он духтарон ҷазо дода шуданд. Ин амал баръакс дар байни ҷомеа боиси гуфтумонҳо мешавад ва аксар бовар мекунанд, ки ин як раванди пешакӣ омодашуда ва ташкилӣ аст, ки ҳадафаш танҳо духтарони блогер ва занситезӣ аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи баъзеҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ писарони блогери зиёдеро вомехӯрем, ки нисбати ин ё он мавзӯъ бо алфози қабеҳ изҳори назар мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, шоми 21-уми декабр ВКД аз боздошти ду «блогер», ки дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» бо номи «Ҳодиса ТВ» канал кушода, маводи шаҳвонӣ ё порнографиро паҳн мекарданд, хабар дода, гуфт онҳо 10 шабонарӯз ҳабс шуданд.

Вале дар ин маврид ҳам гуфта нашуд, ки онҳо бо кадом моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии Тоҷикистон ҷазо дода шуданд.

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯйи ВКД Тоҷикистон дар гузориши «Ахбори ВКД» аз онҳо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амрохон Абдуллоеви 23-сола ва Рустам Фозилови 22-сола ном бурд ва гуфт, ки «онҳо ба хотири ҷалби тамошобини бештар ва гирифтани лайки зиёд аксҳои шаҳрвандонро аз саҳифаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта, ба бадани онҳое, ки дар видеоҳои порнографӣ иштирок мекунанд, мечаспонданд ва дар саҳифаашон, дар шабакаи Инстаграм нашр мекарданд».

Худи «блогер»-он низ дар ин гузориш аз кирдори худ изҳори пушаймонӣ карда, эътироф намудаанд, ки ҳадафашон аз паҳн кардани маводи порнографӣ ҷамъ овардани тамошобину лайки зиёд буд.

Зимнан, ҳуқуқшиносон мегӯянд, агар блогерон номи шахсеро гирифта таҳқир накарда бошад, мақомот шахсро ба ҳабс гирифта наметавонанд ва ин амал ба маънои маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон аст.

Дар ҳамин ҳол, қаблан ҳуқуқвайронкуниҳои марбут ба истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар сомонаи ВКД ва Раёсати ВКД дар Душанбе нашр мегардид, бо моддаи «майдаавбошӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ» (моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) ҷазо дода мешуданд. Тафовут танҳо як чиз буд: мақомот мегуфтанд ба онҳо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ барои чораҷӯйӣ муроҷиат кардаанд.

Зимнан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ақида чарх мезанад, ки мақомот мехоҳанд ба моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид карда, мафҳуми шабакаҳои иҷтимоӣ ва Инетрнетро ҳамчун макони ҷамъиятӣ ворид кунанд ва дар ҳамин асос онҳоеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бадзабонӣ мекунанд, бо моддаи «майдаавбошӣ дар ҷои ҷамъиятӣ» боздошт ва маҳкум кунанд.

Чунин тахминро ҳатто Маҳпора Киромова, рӯзноманигори тоҷик низ ишора кард ва гуфт, мо дар оянда интизори ягон модда/банди нав дар қонун ҳастем, ки ба блогнависон дахл хоҳад кард ё истеҳсоли мундариҷаро дар шабака назорат мекунад.

«Механикаи интихобшуда ва пайдарпайии амалҳое, ки метавонад ба ин оварда расонанд, хеле шиносанд, - гуфт ӯ ва илова кард, ки ин ҳама боиси тағйироти бузурги банақшагирифташуда мегардад».

Ин тасмим то куҷо амалишаванда ва дуруст аст, танҳо вақт нишон хоҳад дод.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед