Ru  | Tj
Аҳмадшоҳи Масъуд ва ғурури миллӣ
Аҳмадшоҳи Масъуд ва ғурури миллӣ
Аксҳо: Интернет

Аҳмадшоҳи Масъуд ва ғурури миллӣ

Нашр шуд

Ёдномаи кӯтоҳе аз Аҳмадшоҳи Масъуд бахшида ба 20-умин солгарди шаҳодаташ, ки ӯро террористон 9-уми сентябри соли 2001 заъифонаву золимона ба ҳалокат расониданд. Ӯ гарчанде моро ҷисман тарк кардааст, аммо ёду хотироту роҳу равишаш то замоне, ки тоҷике дар дунё ҳасту нафасе мекашад, боқӣ хоҳад монд. Ба ӯ ҳар тоҷик муҳаббати беандоза дорад ва ӯро шахсияти бузурги миллат ва намои бузурги ғурири миллӣ медонад.

Аҳмадшоҳи Масъуд шахси боирода, боимон ва боихлос буд ва бинобар ин, ҳамеша мардуми Афғонистон ба каломаш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекарданд. Ӯ қабл аз ҳама ба гуфтааш бовар дошт ва ҳарфу амалаш фарқ надошт. Яъне ба чизе, ки боварӣ дошт танҳо ҳамонро ба забон меовард. Муҳимтар аз ҳама Аҳмадшоҳи Масъуд дар даврони муборизаи худ бо тақво зиндагӣ кард ва инсони бисёр парҳезкор буд. Ана ин хислатҳои Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамеша дар хотироти ҳаммаслаконаш ва ҳатто душманони русаш боқӣ мондааст. Имрӯзҳо аксари генералони рус, ки Аҳмадшоҳро мешиносанду медонанд ҳамеша бомуҳаббат дар борааш ҳарф мезананд ва мардиву хирад ва ҷасорати ӯро бемисл медонанд. То ҳадде мардуми рус, ки замоне бо ӯ ҷангида буданд ба ӯ муҳаббат доранд, ки ҳангоми ба ёд овардани ӯ ашк мерезанд.

АҲМАДШОҲИ МАСЪУД ВА МУҲАББАТ БА АФҒОНИСТОН

Аҳмадшоҳи Масъуд пеш аз ҳама Афғонистонро зиёд дӯст медошт ва дар бадтарин шароит намехост, ки ин кишварро тарк намояд. Ӯ дар ҷабҳаи муқовимат мисли як фармондеҳи мубориз истодагарӣ кардааст ва ҳамин чиз сабаби шӯҳрат ва маҳбубияти ӯ гардидааст, ки теъдоди зиёде аз ақвоми мухталифи дигар даври Аҳмадшоҳи Масъуд ҷамъ омадаанд. Ӯ ҳатто дар муборизаҳо танҳо бар зидди душманони золиму хунхори Толиб меҷангидааст.

Аҳмадшоҳи Масъуд дар миёни Панҷшер ва Бадахшону Тахор ҷабҳаи бисёр калони муқовиматро аз қавмҳои гуногун эҷод намудааст. Ба ёд дошта бошем, ки дар чабҳаи Аҳмадшоҳи Масъуд танҳо тоҷикон набудаанд. Дар ин ҷабҳа паштунҳо ва ҳатто як гурӯҳ ҷамъиятиҳо аз Нангарҳор, Қандор, Лугар ва Хуст омада буданд ва дар канори Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҷабҳаи мубориза бар зидди «Толибон» қарор гирифтанд. Аҳмадшоҳи Масъуд дар ин давра оҳиста-оҳиста аз сатҳи як фармондеҳи маҳаллии Панҷшер ба сатҳи як фармондеҳи миллӣ ва кишварӣ табдил шудааст. Баъди ҷанг бо «Толибон» ва пирӯзӣ, маҳбубияти Аҳмадшоҳи Масъуд дар Ҳазораҷот, Маймана, Шубурғон, Пактико, Нанагарҳор, Кунар, Лугар, Кобул ба маротиб зиёд гардида ва билохира оҳиста – оҳиста фармондеҳон ӯро ба ҳайси Роҳбар, Омир ва ба ҳайси масъули низомии худ қабул намудаанд.

Ҳар касе, ки аз Аҳмадшоҳи Масъуд ёд мекунад, ӯро бисёр шахси боадаб медонад. Дар ёдномаҳо омадааст, ки Аҳмадшоҳи Масъуд бузургони муқовиматро эҳтиром мекардааст ва аз ҷумла ба устод Бурҳониддини Раббонӣ эҳтироми зиёд доштааст.   

Бисёре аз дӯстони Аҳмадшоҳи Масъуд мегӯяд, ки ӯ худро болотар аз мардуми оддӣ фикр намекард. Аҳмадшоҳ ғурури миллӣ ва ватандӯстӣ дошт. Хурду калон ва ҳамаро эҳтиром мекард.

МУНОСИБАТИ АҲМАДШОҲИ МАСЪУД БО АҲЛИ ИЛМУ АДАБ

Солҳои охир Аҳмадшоҳи Масъуд бо рӯшанфикрон, аҳли илм ва фарҳанг бештар табодули назар мекардааст. Ба истилоҳ ӯ як шахсияти комили сиёсӣ буда, ки ҳамаи кирдораш аз хирадмандӣ ва донишмандии ӯ дарак медоданд. Мегӯянд, ки дар вақтҳои охири ҳаёташ ӯро зиёдтар ҳақиқатҳои Афғонистон, ки дар рӯзгори он чӣ мегузарад ва дар таърихи муосири Афғонистон чӣ ҷурму ҷиноят ва беадолатиҳо вуҷуд дорад, ба андеша водор мекардааст. Ӯ хусусан баъди омадани «Толибон» бештар ба умқи масъалаи қавмӣ ворид гардидааст. Ин воқеатҳо сабаб гардидааст, ки Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд таҷрибаи зиёд пайдо намуда, ин таҷрибаашонро дар сулҳи Тоҷикистон то ҳади имкон истифода намудаанд.

Бурҳониддин Раббонӣ

Бурҳониддин Раббонӣ

АҲМАДШОҲИ МАСЪУД ВА МУҲАББАТИ Ӯ БА ТОҶИКИСТОН

Аҳмадшоҳи Масъуд муҳаббати зиёд ба Тоҷикистон доштааст ва мардуми Тоҷикистонро бисёр дӯст медоштааст. Бояд гуфт, ки дар баробари ин, Тоҷикистон низ бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Аҳмадшоҳро бисёр дӯст медошту медорад ва барои озодии Афғонистон ва барқарории хокимияти миллӣ дар Афғонистон бедорхобӣ кашидааст.

Як замон давлати устод Бурҳониддини Раббониро дар дунё ҳеҷ нафаре ҷой намедод ва муҷоҳидини Аҳмадшоҳи Масъудро на Эрон қабул менумуду на Ҳиндустон ва на ҳеҷ кишвари дунё. Ягона кишваре, ки худаш низ захмӣ ва гирифтори мушкилоти дарунӣ буд, Тоҷикистон буд, ки дарвозаи худро барои муборизони Афғонистон, ба нерӯҳои тарафдорони устод Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд боз намуд. Ин мардуми фақири Тоҷикистон як бурдаи нони худро бо моборизони Афғонистон тақсим намуданд.

АҲМАДШОҲИ МАСЪУД ВА ВАТАНПАРАСТӢ

Дар олам муҳимтар аз ҳама барои Аҳмадшоҳи Масъуд вавтанпарастӣ буд, ба ҳадде, ки ӯ худро фидои Афғонистон кард. Аҳмадшоҳи Масъуд дар муқобили душманони Афғонистон то охир ҷангид ва дар ин роҳ хун рехт. Ҳар тоҷик бояд ба дифоъ аз миллат монанди Аҳмадшоҳи Масъуд хуни худро бирезад. Нагузорад ва иҷозат надиҳад, ки ҷавонони тоҷик ба роҳҳое раванд, ки саранҷом сабаби нестӣ ва сарафкандагии тоҷикон гардад. Тоҷикон душманони зиёде доранд ва онҳо намехоҳанд, ки тоҷики қавӣ ва нерӯманде вуҷуд дошта бошад. Онҳо медонанд, ки тоҷикон аз гузаштаи бузурги таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ бархӯрдоранд. Эҳёи фарҳанги Сомониён ва эҳёи фарҳанги Хуросони бузург, билохира онҳоро ба тарсу ваҳм овардааст. Бинобар ин, ин душманон замзамаҳо ва шиорҳои миллии тоҷикиро таҳаммул намекунанд. Барои ҳамин, ҷавонони Тоҷикистон ва умуман тоҷикон аз Аҳмадшоҳи Масъуд бояд биомӯзанд ва то охир нагузоранд, ки тоҷиконро ба нафъи худ истифода кунанд.

Баъдан Аҳмадшоҳи Масъуд мухолифи қумондонҳое буд, ки онҳо илм омӯхтани ҷавононро намехостанд. Ӯ тарафдори мактабу таҳсил буд. Донишгоҳи Ал - Бурунӣ, ки яке аз муътабартарин донишгоҳҳои Афғонистон мебошад, ӯ сабаби пешрафт ва нуфузаш гардидааст. Ӯ чандин омӯзгоронро аз минтақаҳои гуногуни Афғонистон барои омӯзондани ҷавонон даъват намуда ва ба онҳо маъоши хуб низ ҷудо намудааст. Яъне Аҳмадшоҳи Масъуд илм омӯхтанро дӯст медоштааст.

АҲМАДШОҲИ МАСЪУД ВА ИДОМАИ РОҲИ Ӯ

Ҳоло фарзанди ӯ Аҳмади Масъуд, ки донишманд ва далеру чолок низ ба воя расидааст, роҳи ӯро дар бадтарин вазъияти таърихӣ идома медиҳад. Ин роҳи ӯ албатта хатарҳои зиёд доред, аммо он амалишаванда аст, зеро он роҳи ҳақ ва воқеист. Ман ҳамчун тоҷик аз ин ҷавонмард ва падари боиззати ӯ ифтихор намуда, тайёрам дар сангар дар канори ӯ истод шавам ва боварӣ дорам, ки садҳо тоҷики дигари Тоҷикистон низ имрӯзҳо дар канори ӯ будан мехоҳанд.

Роҳи Аҳмадшоҳи Масъуд, роҳи Аҳмади Масъуд ва роҳи мардуми зулмдидаи тоҷик ҳамеша идома пайдо хоҳад кард.




Ҷумъабой Азизқулов: 90 сол умр дидам, лек чун ба пас менигарам, 90 рӯз наметобад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед