Ru  | Tj
Абдуқаҳҳор Қосим: "Адабиёти воқеӣ инъикосгари сулҳу ворастагист"
Абдуқаҳҳор Қосим: "Адабиёти воқеӣ инъикосгари сулҳу ворастагист"
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас шудааст

Абдуқаҳҳор Қосим: "Адабиёти воқеӣ инъикосгари сулҳу ворастагист"

Нашр шуд

Абдуқаҳҳор Қосим яке аз адибони ангуштшумори тоҷик аст, ки фаъолияти адабии байналмилалиро дар Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Ӯ ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, Президенти Палатаи байналмилалии нависандагон ва санъаткорон дар Тоҷикистон ва соҳиби даҳҳо унвонҳои байналмилалӣ мебошад. Имсол бо ташаббуси ӯ аввалин антологияи адабӣ дар васфи Тоҷикистон бо эҷоди 66 адибони мамлакатҳои мухталиф бо забонҳои гуногун ба табъ расид.

Мо бо мураттиби антологияи “Адибони дунё дар васфи Тоҷикистон” Абдуқаҳҳор Қосим оид ба таҳияи китоби мазкур ва фаъолияти ӯ дар арсаи байналмилалӣ мусоҳиба анҷом додем.  

             

Шоири байналмилал

- Устод, ҳар нафаре, ки ба утоқи кории Шумо дохил мешавад, имкон надорад овезагоҳи девори утоқро бидуни таваҷҷуҳ гузорад. Ин ҳама диплому фахрномаҳо барои як шоир чӣ суду зиён дорад?

- Зиёнашро намедонам, аммо метавонад мотиватсия барои идомаи фаъолияти байналмилалӣ бошад.

- Оё шоир метавонад байналмилалӣ бошад ва ӯ дар пеши худ чӣ вазифаҳо дорад?

- Шоир ҳамеша миллӣ аст, вале шоире, ки бештар заҳмат мекашад ва пурмаҳсул аст, метавонад байналмилалӣ бошад. Шоири байналмилалӣ шахсест забону фарҳанги миллати худро тавассути забонҳои хориҷӣ ба тамоми дунё муаррифӣ намояд. Ҳамзамон пайванди дӯстии адибони дунёро таъмин карда, нисбати миллати худ дар ниҳоди намояндагони миллати дигар оташи муҳаббати воқеиро андозад. Шоири байналмилалӣ нафаре нест, ки сайри ҷаҳон кунад, балки чакидаҳои хомаи ӯ дар гирди ҷаҳон гардад.


- Дар Ғарб шоирону нависандагони хеле зиёдро мебинем, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ ва фаъолият менамоянд. То ба имрӯз фарҳангистонҳои байналмилалӣ Шуморо барои кору зиндагӣ ба давлатҳои пешрафтаи дунё даъват мекунанд, аммо боре ҳам пешниҳоди онҳоро қабул накардед, чаро?

- На танҳо дар Ғарб, балки дар бештари кишварҳои пешрафтаи Шарқ низ адибонро дидан мумкин аст, ки аз дигар мамлакатҳо омада ба фаъолияти фарҳангӣ машғуланд. Бале, маро низ аз давлатҳои хориҷӣ, асосан аз Федератсияи Русия ба ҳайси мутарҷим, фарҳангшинос, корманди адабӣ дар ташкилотҳои фарҳангӣ ва ғайра бо ваъдаи маоши баланд даъват менамоянд. То ин замон ҳамаи таклифҳоро рад кардам, ростӣ поям намекашад, ки аз Ватан дур бошам. Айни ҳол мехоҳам фаъолиятро дар Ватан идома дода, шогирдонро тарбия намоям ва ҳамчун намояндаи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ дар дохили Тоҷикистон фаъолият бурда, ба ҷавонон намунаи ибрат шавам. Лекин агар ҳолатҳое шавад, ки манфиатам дар хориҷ ба халқ бештар бирасад, шояд равам, вале боварӣ надорам, ки метавониста бошам.

Муҳаббатномаи адибони ҷаҳон


- Дар китобхонаҳои ҷаҳон китобҳоеро дар васфи кишварҳои таърихӣ ва ё бузургони миллатҳои гуногун вохӯрдан мумкин аст. Имсол ба ин рӯйхат адабиёти дигаре шомил гардид, ки мураттиби он Абдуқаҳҳор Қосим аст. Ин аввалин антологияи ҷаҳон дар тавсифи кишвари мо мебошад, ки зери унвони “Адибони дунё дар васфи Тоҷикистон” ба чоп расид. Ногуфта намонад, дарсади зиёди хабаргузориҳои миллӣ дар ин бора навиштанду гуфтанд, чунки тавре ишора шуд, ин нахустин маҷмуаи адабиест, ки хориҷиён васфи Тоҷикистон мекунанд. Дар атрофи антологияи мазкур муфассалтар ҳарф мезадед.

- Антологияи “Адибони дунё дар васфи Тоҷикистон”, ки бахшида ба 30 - юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи нашр омад, аввалин падида дар адабиёти ҷаҳон аст. Чаро? Ин антология нахустин маҷмӯаи муҳаббати адибон ва донишмандони ҷаҳон дар васфи як мамлакати тозаистиқлол аст, ки то ба имрӯз чунин маҷмӯа дар ягон нашриёти дунё ба чоп нарасида буд. Бояд гуфт, ки моҳи июни соли 2021 тариқи шабакаи иҷтимоии Facebook, ки дар он саҳифаи худро дорам ва адибон қариб аз тамоми дунё пайгири саҳифаи ман ҳастанд, дар бораи қабули маводҳо барои нашри антологияи мазкур эълон додам. Таваҷҷӯҳи онҳо то ҳадде буд, ки аз тасаввуроти пеш аз эълони маҷмӯа бештар.

Дар “Адибони дунё дар васфи Тоҷикистон” шоирону нависандагон ва ходимони ҷамъиятии кишварҳои ИДМ ва дигар манотиқи ҷаҳон, аз ҷумла намояндагони созмонҳои байналмилалии адабии Анҷумани халқҳои Авруосиё, Ҳаракати ҷаҳонии назм, Палатаи байналмилалии адибон ва рассомон, Федератсияи байналмилалии фарҳанг ва санъат, Академияи адабиёти рус ва дигарон бахшида ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, табиати зебои Тоҷикистон ва халқи меҳмондӯсти он бо шеъру достон ва мақолаҳо, муҳаббат ва ҳамбастагии худро баён намуда, эҳтироми хешро изҳор доштаанд.


Антологияи “Адибони дунё дар васфи Тоҷикистон” дар доираи Ассамблеяи китобхонавии Анҷумани халқҳои Авруосиё ва Ҷунбиши ҷаҳонии “Назм дунёи бедевор” ва Федератсияи фарҳангу санъати Сингапур рӯйи чоп омада, дар ҳамоиши Ассамблеяи мазкур, ки дар шаҳри Маскав бо ширкати тамоми китобхонаҳои миллии Авруосиё баргузор мегардад, муаррифӣ хоҳад шуд. Дар нашри китоб аз раёсати КИМ ҲХДТ, муовини якуми ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, инчунин, дигар нафароне, ки дасти мадад дароз карданд, ҷиҳати дастгириашон сипосгузорам. Ин китоб воқеан муҳаббатномаи мардуми ҷаҳон ба тоҷику Тоҷикистон аст.

- Дар ин маҷмӯа махсусан васфномаҳои адибони кадом кишварҳоро хондан мумкин аст?

- Матлабҳои китоб ба қалами ҳамагӣ 66 адибони ҷаҳонӣ тааллуқ дорад. Бештари муаллифони китоб профессорону олимони фарҳангу адабиёти кишварҳои мухталиф, аз ҷумла ИМА, Колумбия, Бразилия, Канада, Руминия, Олмон, Мексика, Туркия, Ҳиндустон, Чин, Африқо, Русия, кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар мамлакатҳои мухталиф ҳастанд.

“Дар бораи Тоҷикистон намедонистанд...”


- То нашри антологияи “Адибони дунё” бо чӣ мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудед?

- Аз сабаби китобро дар танҳоӣ таҳия карданам рӯҳан андаке хаста шудам, зеро нафароне буданд, ки бо забонҳои англисиву непалию ҳиндӣ, лотинӣ, испанӣ ва ғайра ба ман муроҷиат мекарданд, ки дар натиҷа лозим меомад аз китобҳои луғавӣ истифода намоям.

Дар таҳияи антологияи мазкур ҳуқуқ надорем нисбати камбудиҳо бетараф бошем, чунки ин китоб дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ мешавад ва ҳамчнамунаи адабӣ Тоҷикистонро ба оламиён муаррифӣ менамояд. Аз ин лиҳоз вазифаи муҳаррири масъулро ба дӯши назмшиноси маъруф Мубашшир Акбарзод гузоштем.

Маводҳоро дар ҳамбастагии тарҷумонҳои ватанӣ ва хориҷӣ баррасӣ ва зимни таҳрир қарор додем. Дар тарҷума аз ҷиҳати мазмуни ибораҳо мушкилиҳои зиёд пеш омад. Масалан, Чин, баъзе қисматҳои Ҳиндустон ё Амрикои Лотинӣ фалсафаи худро доранд, ки такя мекунанд бештар ба таърихи дунёи қадим. Ҳангоми тарҷума бояд бидонем, ки ӯ бо фалсафаи худ чӣ гуфтан мехоҳад. Махсусан бо ривоятҳои халқию қаҳрамонҳои миллии онҳо шинос шудем, то мазмуни маводҳо дуруст тарҷума шаванд.


Нафароне буданд, ки дар бораи Тоҷикистон намедонистанд, аммо мехостанд бидонанду бинависанд. Рӯзҳое мешуд, ки то 50 паёмак фиристода мепурсиданд, ки мо чӣ гуна муқаддасоти миллӣ дорем? Ҳатто мехостанд маконҳои таърихию маъруфи Тоҷикистонро шахсан акс бардошта, ба онҳо фиристам, то боварӣ ҳосил намоянд, ки маъхазҳои гуногуни интернетӣ маводҳои тарғиботӣ нест.

- Оё Шумо низ шахсан акс бардошта равон мекардед?

- Саволи аҷиб. Шояд вақти иловагӣ медоштам, ҳамин тавр мекардам...


- Устод, Шумо то ба имрӯз соҳиби чандин ҷоизаҳои байналмилалӣ шудед, шуруъ аз “Шоири сол - 2016” дар Русия то “Нависандаи тиллоии ҷаҳон” дар Олмон ва дигару дигарҳо. Ҳамаи ин муваффақиятҳои байналмилалӣ барои як тан адиби тоҷик чӣ тавр даст медиҳад?

- Нахуст масъулияти баланди ватандорӣ, худшиносии миллӣ ва инсондӯстӣ, сипас меҳнати шабонарӯзӣ ҳар нафарро ба қуллаи мақсуд мерасонад. Миллате, ки ба арзишҳои миллии худ, махсусан забон арҷ мегузорад, ҳатман сазовори эҳтирому эътибори дигар миллатҳо мегардад. Намояндаи миллати тоҷик буданам сабабгори тамоми муваффақиятҳоям мебошад. Зеро гузаштагони мо барҷастатарин намояндаҳои адабиёти ҷаҳон буданд ва хуни ин бузургон дар рагҳои мо шараён мезанад.

Агар бандаро бештари ташкилотҳои адабии байналмилалӣ ба узвияти худ пазируфта бошанд, ин маъноеро дорад, ки онҳо нисбат ба миллати тоҷик беэътибор нестанд. Ба ин мисол шуда метавонад, иштирокам дар 30-солагии Фестивали адабию фарҳангии Меделин дар соли 2020 ба ҳайси аввалин иштирокчӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ин фестивал тӯли як соат шеъри тоҷикӣ қироат кардам, ки имрӯз ҳамаи ин шеърҳо аз тарафи тарҷумонҳои фестивал ба забони испанӣ тарҷума карда шудааст.


Дар форумҳо ва фестивалҳои байналмилалӣ ҳатман аввал бо забони тоҷикӣ суханронӣ мекунам, сипас русӣ. Эҳсос мекунам, вақте шеъри тоҷикӣ садо медиҳад, бисёриҳо ошиқи ин забон мегарданд. Масалан, соли 2019 дар яке аз фестивалҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Озорбойҷон ширкат доштам, ки дар он шахсиятҳои барҷаста шуруъ аз лауреатҳои ҷоизаи Нобел то профессорони Донишгоҳи Кембриҷ, ҳамагӣ аз 52 давлати дунё иштирок доштанд. Баъд аз баромади ман бо забони тоҷикӣ чандин журналистону адибон дар гирдам ҷамъ омаданд, то хубтар огоҳӣ пайдо намоянд тоҷик кисту Тоҷикистон чӣ гуна кишвараст.

Антологияи нав ва сиёсати фарҳангӣ


- Шумо бо адибону олимони зиёда аз 60 мамлакати дунё робитаи дӯстиро барқарор намуда, шеъри муосири тоҷик ва забони тоҷикиро дар ҷаҳон ҳамчун вориси устод Мирзо Турсунзода муаррифӣ карда истодаед. Пӯшида нест, ки дӯстдорони адабиёт аз тамоми дунё, бо осори пурғановати адибони классики тоҷик аз ҷумла Фирдавсӣ, Мавлоно Балхӣ, Хайём ва дигарон ошно ҳастанд, аммо шуҳрати адабиёти муосири мо то ба он андоза нарасидааст. Барои ҷалби таваҷҷуҳи тарҷумон ва адабиётшиносони ҷаҳонӣ ба адабиёти муосири тоҷик, бояд чӣ корҳоро ба сомон расонд?

- Воқеан адабиёти муосири тоҷик дар фазои адабии минтақаҳои Аврупою Амрико холӣ аст. Мардуми Ғарб бузургонамонро мешиносанд. Гузаштагони мо тавонистаанд, ки то ба имрӯз ифтихори мо бошанд, вале аз мо чӣ мемонад? Тавре Саъдии бузургвор гуфтааст: 

“Гирди номи падар чӣ мегардӣ, 
Падари хеш шав, агар мардӣ”.

Бештари ташкилотҳои адабии байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо идораҳои махсуси адабӣ фаъолият мебаранд. Онҳо кӯшиш мекунанд бо нафароне ҳамкорӣ намоянд, ки бештар аз роҳу услуби ҳамкории дипломатӣ огоҳанд. Банда имрӯз то андозае кӯшиш намудам, ки роҳе ба сӯйи адабиёти кишварҳои Ғарб кушоям. Марҳамат, ҳар кас тавонад маҳорати эҷодӣ ва дипломатиашро нишон диҳад.


- Айни замон бо мураттаби антологияи нав, ки ба васфи Русия бахшида мешавад, машғул ҳастед. Чаро маҳз дар чунин шароит?

- Ин ягон алоқамандие ба вазъи имрӯзи минтақа надорад. Фарҳангу санъату адабиёт дар ҳеч замон побанди сиёсат набуду намешавад. Адабиёте, ки тобеи сиёсат аст, ҳуҷҷати сиёсӣ биномед, на осори адабӣ. Адабиёти воқеӣ инъикосгари сулҳу ворастагист.


Боре нависандаи маъруфи қазоқ Олжас Сулаймонов гуфта буд: “Давлате рушд мекунад, ки сиёсати фарҳангӣ дошта бошад, на фарҳангаш сиёсӣ”. Тавре кишвари мо сиёсати худро аз фарҳанги сулҳ оғоз намуд ва имрӯзҳо аллакай ҳамчун давлате муаррифӣ мегардад, ки дар он сиёсати фарҳангӣ ҳукмрон аст. Бигзор сиёсати фарҳангӣ ҷовидон бошад.

- Бале! Муташаккирам барои суҳбати ҷолибу ошкор!



Нақш ва ҷойгоҳи ҳунари мусиқӣ дар равобити Тоҷикистону Афғонистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед