Ru  | Tj
Абдуғанӣ Мамадазимов: «Русия дар тамаддуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хоса дорад»
Абдуғанӣ Мамадазимов: «Русия дар тамаддуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хоса дорад»
Акс: Аз ќањрамони матлаб дастрас гардидааст

Абдуғанӣ Мамадазимов: «Русия дар тамаддуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хоса дорад»

Нашр шуд

Сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов ба ҷараёни мусбати рушди равобити Русия ва Тоҷикистон таъкид кард.

Чанде қабл мутахассисони Пажӯҳишгоҳи миллии тавсеаи иртибототи Русия (ПМТИР) радабандии кишварҳои дӯст бо Русияро интишор намуданд, ки дар он Тоҷикистон мақоми шашумро касб кардааст. Мо бо сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимов ҳамсуҳбат шудем, то назари ӯро дар мавриди равобити имрӯзи Русия ва Тоҷикистон бифаҳмем.

- Тибқи радабандии ПМТИР, дӯстии Тоҷикистон нисбат ба Русия афзоиш ёфтааст. Ба фикри шумо, чӣ чиз боиси ин иттифоқ шудааст?

- Якчанд омил мавҷуд аст, ки боиси тавсеаи дӯстӣ байни Тоҷикистон ва Русия мегардад. Якум, гузаштаи мусбати шӯравӣ мебошад, ки дар заминаи он омилҳои дигар ба вуҷуд омаданд. Дуюм, мавҷудияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия яке аз омилҳои муҳими боздорандаи ташкилотҳои гуногуни байналмилалии террористӣ ва ифротгароиву экстремистие, ки дар соҳили чапи рӯдхонаи Панҷ ҷойгир буда, дар ҳар ҳолат метавонанд хати сарҳади давлатиро рахна карда, барои роҳандозии фаъолияти тахрибкоронаи худ ба хоки Тоҷикистон ворид гарданд, ба ҳисоб меравад. Севум, теъдоди зиёди муҳоҷирони корӣ ва кӯчбастагони тоҷик дар манотиқи гуногуни Русия, ки сол то сол равобити мухталифи башардӯстона миёни ин ду ҷумҳурии пасошӯравиро тақвият мебахшанд. Чаҳорум, дар ҷомеаи Тоҷикистон бисёриҳо хуб дарк мекунанд, ки заиф шудани Русия ба равандҳои марказгурез дар кишварҳои Осиёи Марказӣ оварда мерасонад, ки кишварҳои алоҳидаи манфиатдор метавонанд вазъи бамиёномадаро ба нафъи худ итстифода кунанд. Панҷум, дунявияти Русия, тарзи ҳаёти мусолиматомезу гуногунандешонаи ақвому миллатҳои гуногун дар дохили ҷомеаи фарогири ин кишвар низ тоҷиконро мутаассир мекунад.

- Бино ба гузориш, дар як қатор кишварҳо муҳтавои шабакаҳои иҷтимоӣ бо забонҳои миллӣ дар қиёс бо мундариҷаи русӣ нисбатан камтар дӯстона аст. Оё дар кишвари мо низ чунин тамоюл ба назар мерасад?

- Бале, чунин тамоюл вуҷуд дорад, зеро муҳтавои зиёдеро асосан шаҳрвандони алоҳидае омода мекунанд, ки дар Аврупо, ИМА, кишварҳои арабӣ ва Чин таҳсил кардаанд. Ин ба онҳо бешубҳа барои донистани забони русӣ ва дараҷаи огоҳӣ аз рӯйдодҳои ҷорӣ таъсири манфӣ расонидааст.

- Ба назари шумо, муносибати имрӯзаи Тоҷикистон ва Русия дар чӣ сатҳ қарор дорад?

  -Ифтитоҳи панҷ мактаби русӣ дар шаҳру навоҳии гуногуни Тоҷикистон гувоҳӣ аз он мендиҳад, ки дӯстии кишвари мо бо Россия рўз то рўз тавсеа ёфта истодааст.

  - Мақоми забон ва фарҳанги русиро дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

  - Сарфи назар аз вазъияти бавуҷудомада, Русия дар тамаддуни ҷањҳонӣ ҷойгоҳи хоса дорад. Бо забони русӣ асарҳои бузурги тафаккури инсонӣ, ба монанди «Ҷиноят ва ҷазо»-и Фёдор Достоевский эҷод шудаанд, ки мутолиаи он «ҷазо» ва нахонданаш бошад «ҷиноят» аст. Аз ин рӯ бисёриҳо дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон аз ин «гирдоб» мегузаранд.

- Ба андешаи шумо, ба равобити мутақобилаи ин ду кишвар кадом омил бештар таъсиргузор аст?

- Вусъати рафтуомади одамон, додугирифти молу коло ва хидматрасонӣ метавонад муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Русияро, ки мавқеи асосиро дар он иртиботи гуманитарӣ касб мекунад, боз ҳам тақвият бахшад.

  - Оё дар Тоҷикистон имкони тағйир ёфтани муносибат ба мардуми рус ва Русия мавҷуд аст?

  - Бале, хуруҷи бошитоби пойгоҳи низомии Русия аз Тоҷикистон метавонад пайомадҳои манфӣ дошта бошад. Ва ё беҳтар намудани шарту шароити зиндагию фаъолияти муҳоҷирони корӣ ва кӯчбастагони тоҷик метавонад ба равобити боз ҳам наздики мардуми ин ду кишвар мусоидат намояд.

  - Оё дӯстӣ метавонад ба ҳамкории иқтисодии Русия ва Тоҷикистон таъсир расонад?

  - Албатта, таҷрибаи баромадан аз вобастагии воридотӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, ки онро Русия сарбаландона паси сар карда истодааст, дар шароити имрўза барои Тоҷикистон ниҳоят муфид аст, зеро мо хеле дер ба саноатисозии кишвар рӯ овардем. Дар ин замина дар Тоҷикистон тамоми шароит барои таъсис додани ширкатҳои муштарак, алалхусус дар соҳаҳои истихроҷи маъдан ва бофандагӣ мавҷуд аст.

- Лутфан бигӯед, ки оё дар Тоҷикистон чунин мониторинги кишварҳои дӯсту ғайридўст вуҷуд дорад?

- То ҷое, ки медонам, дар кишвари мо чунин иқдом роҳандозӣ намешавад, бинобар ин, ба назари ман, як рўйкарди суннатӣ вуҷуд дорад: ҳар кишваре, ки бо он Тоҷикистон додугирифти тиҷоратӣ дорад, дӯст маҳсуб мешавад ва давлате, ки робитаҳои мо бо он коҳиш ёфта истодааст, муносибатҳо низ мутаносибан дар сатҳи паст қарор мегирад.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед