Ru  | Tj
Афзоиши бемории саратон миёни занон дар Хатлон. Роҳҳал чист?
Афзоиши бемории саратон миёни занон дар Хатлон. Роҳҳал чист?
Акс: Аз муаллифи мақола дастрас шудааст

Афзоиши бемории саратон миёни занон дар Хатлон. Роҳҳал чист?

Нашр шуд

Дар вилояти Хатлон бемории саратон миёни занон афзоиш ёфтааст. Ба назари коршиносон, яке аз сабабҳои афзоиши ин навъи беморӣ саривақт ташхис ва муоина накардани сокинон мебошад.

Давоми 10 моҳи соли 2023 дар Бунгоҳи саратоншиносии вилояти Хатлон 315 нафар гирифтори бемориҳои саратон расман сабт шудааст, ки аз ин шумора 8 нафарашон кӯдакон, 117 нафар мардон ва 190 нафар занон мебошанд. Дар ин хусус Ҷӯрабой Саидов, муовини сардори Идораи тандурустии вилояти Хатлон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда, шумораи гирифторони бемориҳои саратон соли равон 83 кас афзудааст. 


"Соли гузашта ҳамагӣ 232 кас бо чунин бемориҳо ба сабт шуда буд. Имсол шумораи онҳо хеле афзудааст. Тибқи ҳисоботи оморӣ, аз рӯйи номгӯйи бемориҳо бештар бемории саратони гарданаки бачадон дар занҳо ошкор гардидааст. Агар соли гузашта беморони саратони гарданаки бачадон 18 кас буд, имсол ин шумора ба 30 кас расидаст. Ҳамчунин бемории ғадуди ширӣ миёни занон давоми 10 моҳи соли равон 4 адад бештар шудааст", - иброз дошт Ҷӯрабой Саидов.
Дар баробари ин бемориҳо бемории саратони рӯдаҳо 7 адад, бемории саратони тухмдонҳо 6 адад ва бемории саратони меъда 11 адад нисбат ба соли гузашта зиёд шудааст.

Ба иттилоъи Маҳмадалӣ Мирзоев, пизишки Бунгоҳи саратоншиносии вилояти Хатлон, аз миёни гирифторони бемории саратон хатари марг бештар ба занон таҳдид мекунад, чун онҳо зиёдтар ба ин бемориҳо гирифтор мешаванд.


"Мо шумораи дақиқи беморони фавтидаро надорем, зеро дар вазъи бисёр нохуб қарор гирифтани онҳо пайвандонашон беморонро ба хона мебаранд, вале дар байни фавти сокинон аз ин бемориҳо бемории саратони ғадуди ширӣ ва гарданаки бачадон дар зинаи аввал меистаду баъдаш бемории саратони меъда аст", - гуфт Мирзоев.
Коршиносон мегӯянд, бемориҳои саратонӣ давоми 10 сол дар инсон пайдо шуда, рушд мекунад ва яке аз сабабҳои афзоиши бемориҳои саратонӣ саривақт ташхис ва муоина накардани сокинон мебошад. Ба андешаи мутахассисон, инсон ҳаддақал дар як сол як бор бояд пурра аз ташхис гузарад, то ки дар марҳилаҳои аввали беморӣ ба табобат фаро гирифта шавад. Ташхис ва муроҷиати саривақтӣ ба мутахассисон метавонад пеши роҳи нохушиҳои зиёдеро бигирад.

Маҳмадалӣ Мирзоев изҳор кард, ки солҳои охир ҳукумати Тоҷикистон Бунгоҳи саратоншиносиро бо таҷҳизоти муосир фароҳам кардааст ва ҳоло барои ташхису дармони ин беморӣ сокинони Хатлонро зарур нест, ки ба бемористонҳои марказӣ ё хориҷ аз кишвар муроҷиат кунанд.

Мутахассисони Бунгоҳи саратоншиносии Хатлон мегӯянд, ки гирифтор шудан ба бемориҳои саратонӣ маънии бо марг рӯбарӯ будани инсонро надорад ва дар сурати муроҷиату ташхиси саривақтӣ дар марҳилаҳои аввали беморӣ табобати он имконпазир аст.

Мавлуда Шарипова, сокини 45-солаи шаҳри Бохтар ду сол қабл ба бемории саратони ғадуди ширӣ рӯбарӯ шуда, бо роҳи ҷарроҳӣ аз он халос шудааст. Ӯ мегӯяд, азбаски дертар аз бемории худ огаҳ шудаву ба табибон муроҷиат кардааст, ягона роҳи наҷот дар гирифтани ғадуди ширӣ буд.


"Баъд аз муроҷиат ба табибон ва ташхис маълум гардид, ки сабаби гирифтор шуданам ба ин беморӣ ширдиҳии нодуруст будааст, ки дар натиҷа ғадудҳои ширӣ сахт шудаанд. Пас аз ҷарроҳӣ давоми ду сол ҳолам хуб буд, вале чанде пеш ташхиси навбатӣ маълум кард, ки ҳоло ба бемории саратони бачадон гирифтор шудаам ва фардо ҷарроҳӣ дорам", - гуфт Шарипова.

Ба ақидаи пизишкони саратоншинос, дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо афзоиши бемориҳои саратонӣ кам аст, вале боз ҳам сокинонро зарур аст, ки ҳамасола аз ташхиси ҳатмӣ гузаранд, зеро мо дар натиҷаи муроҷиати онҳо барояшон кумак карда метавонем. 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед