Ru  | Tj
Академик Каримова: Омӯзгорони забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон кофӣ нестанд
Академик Каримова: Омӯзгорони забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон кофӣ нестанд
Акс: Shutterstock/FOTODOM

Академик Каримова: Омӯзгорони забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон кофӣ нестанд

Нашр шуд

Забони русӣ забони байналмилалӣ буда, яке аз шашгонаи забонҳои кории Созмони Милали Муттаҳид ба шумор меравад. Бо ин забон беш аз 350 миллион нафар сокини сайёра, ки дар гӯшаҳои гуногуни кураи замин, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, ҳарф мезананд ва фикру ақидаи худро баён мекунанд. Забони русӣ дар Тоҷикистон воситаи муоширати байни миллатҳо маҳсуб шуда, мақоми хоси он дар моддаи дуюми Сарқонуни ин кишвар дарҷ гаштааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста бар аҳамияти пуштибонӣ ва омӯзиши забони русӣ таъкид мекунад.

Дар робита ба ҷойгоҳ, аҳамият ва мушкилоти рушди забони русӣ дар Тоҷикистон бо доктори илмҳои педагогӣ, академик Ирина Каримова суҳбат оростем.

НАҚШ ВА ҶОЙГОҲИ ЗАБОНИ РУСӢ

- Ба назари шумо, забони русӣ дар Тоҷикистон чӣ нақш дорад?

- Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо, илм ва фанноварии пешрафта дар таърихи рушди забони давлатии тоҷикӣ нақши бисёр мусбат бозидааст. Дар ин замина метавон ба мисолҳои зиёде ишора кард, аз ҷумла беҳтарин нависандагон ва шоирони тоҷик мутарҷимони осори шигифтангези нависандагони рус гаштанд. Ба туфайли забони русӣ адабиёти тоҷикӣ ба таври густурда ба тамоми башарияти пешрафта муаррифӣ шудааст. Дар баробари ин сиёсати забониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз қонуни забони давлатӣ муайян мекунад. Он дар фаъолияти мушаххаси дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва дар соҳаи маориф амалӣ карда мешавад.

Қонуни забони давлатӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии интихоби забони таълимро кафолат дода, дарёфти маълумоти миёнаи умумиро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ низ таъмин мекунад.

- Агар ба оморҳо таваҷҷуҳ намоем, чанд дарсади аҳолии Тоҷикистон донандаи забони русӣ мебошанд?

- Метавонам яқин бигӯям, ки сарфи назар аз муҳоҷирати қисмати бештари аҳолии русизабон, аз ҷумла тоҷикони русизабон, ба хориҷ рафтани шумори зиёди намояндагони на танҳо рус, балки зиёиёни тоҷик истифодаи забони русӣ ҳамчун воситаи асосии муоширати байни миллатҳо дар фазои иртиботӣ ва забонии Тоҷикистон ҳамоно устувор боқӣ мемонад, ки ин боиси хушнудист.

- Ба андешаи шумо, нақши забони русӣ пас аз ба даст овардани истиқлоли Тоҷикистон боло рафтааст ё поин?

- Имрӯз таваҷҷуҳи бештар дар ҳалли масоили марбут ба нақшу ҷойгоҳи забони русӣ ба унвони василаи иртиботи байни миллатҳо дар ҷумҳурӣ бар низоми маориф зоҳир мегардад. Таълими забони русӣ дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба асли тадовим мутобиқат мекунад. Якчанд сол ҳаст, ки лоиҳаи омӯзиши забони русӣ аз ҷониби омӯзгороне, ки аз Русия ба Тоҷикистон омадаанд, бомуваффақият роҳандозӣ шуда истодааст. Дар ҳоли ҳозир муаллимон аз Русия дар сартосари кишвар ба таълими забони русӣ машғуланд. Бешакк, ин тарҳ аз арзиши зиёде бархурдор аст, зеро он ба тавсеаи равобити на танҳо байни кишварҳо, балки байни мардум нигаронида шудааст. Дар Тоҷикистон ниёзи зиёд дар ин иртиботот ва таваҷҷуҳ ба фарҳанги рус вуҷуд дорад ва наметавон тақозо барои забону таҳсилоти русиро беш аз ҳад арзёбӣ кард.

ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ РУСӢ

- Мушкилоту равишҳои асосии омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба чанд омил: мавҷудияти омӯзгорони забони русӣ дар мактаб ва сифати кори онҳо бастагӣ дорад. Агар қаблан ҳангоми тадриси забони русӣ тақсим накардани синфҳо ба зергурӯҳҳо мушкилоти зиёдеро дар таълими 40-45 ба бор меовард, имрӯз ин камбудӣ бартараф шуда, чунин тақсимот дар тамоми мактабҳо ҳатмӣ мебошад.

Дар мавриди мушкилоти тахассусӣ бояд гуфт, ки омӯзгорони забони русӣ дар мактабҳо кофӣ нестанд ва маҳз ҳамин ҳолат боиси он гаштааст, ки дар байни таълимдиҳандагони ин забон афроде ҳастанд, ки ба таври лозим забони русиро намедонанд. Ҳарчанд лоиҳаи таълими забони русӣ аз ҷониби мутахассисони Русия тӯли се сол боз бомуваффақият амал намуда истодааст, мушкилоти мавҷуда дар самти мазкур ҳалношуда боқӣ мемонад. Дар айни замон дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон беш аз 60 нафар муаллим аз Русия ба донишомӯзони тоҷик дарс дода истодаанд. Бешубҳа, ин тарҳ арзиши воло дорад.

РОҲҲАЛ

- Назари шумо дар робита ба роҳҳали ин мушкил чист?

- Решаи мушкил, ба назари ман, дақиқан дар таълими босифати забони русӣ дар макотиби миёна – ҳалқаи бузурги низоми маорифи давлат аст. Маҳз муаллими мактаби миёна ба кумак ниёз дорад. Дар айни замон мо масъалаи интишори фарҳанги тасвирии рангоранги забони русӣ барои бачагонро мавриди баррасӣ қарор додаем. Муҳим аст, ки муаллимон бо маводи таълимӣ ба ҳар як китоби дарсӣ таъмин гардида, барномаҳои махсус ва китобҳои дарсии забони русӣ барои литсейу гимназияҳо, муассисаҳои таълимии ибтидоӣ ва миёнаи махсус – омӯзишгоҳҳо ва коллеҷҳо таҳия карда шаванд.

- Барои тақвияти мақоми забони русӣ аз сӯйии ҳукумати Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №438 аз 30 августи соли 2019 дар мавриди тасдиқи Барномаи давлатии «Такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва инглисӣ то соли 2030» бозгӯйӣ аз тақвияти ҷойгоҳи забони русӣ мекунад. Дар барномаи мазкур ҳадафу вазифаҳои омӯзиши ин забонҳо барои солҳои муайян равшан мухассас карда шудааст. Дар он зикр мегардад, ки роҳандозии ин ҳадафу вазифаҳо барои «муҳайё намудани заминаҳои амали сулҳомези забонҳои русӣ ва инглисӣ, дар шароити мавҷудияти бисёрзабонӣ дар кишвар, таъмини таълими ин забонҳо дар ҳама сатҳҳо дар асоси китобҳои нави дарсӣ ва фанновариҳои муосир, ки бо назардошти забони модарӣ ва фарҳанги мардуми тоҷик таҳия шудааст, мусоидат мекунад”.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед