Ru  | Tj
Амалиётҳои пеш аз баҳор дар Панҷшер. Охирин таҳаввулот чист?
Амалиётҳои пеш аз баҳор дар Панҷшер. Охирин таҳаввулот чист?
Аксҳо: Аз Интернет

Амалиётҳои пеш аз баҳор дар Панҷшер. Охирин таҳаввулот чист?

Нашр шуд

Чанд вақт аст, ки ҳафт чархбол дар ҳавои Панҷшер парвоз мекунанд ва амалиёти Толибон* барои саркӯбии муқовиматгарон оғоз гардидааст.

Манобеъ аз маҳал ба мо мегӯянд, ки ду чархбол қодир ба ҳамлаи мушакӣ ҳастанд ва боқимондаҳо танҳо пика доранд ва тавоноии ҷангро надоранд, аммо барои эҷоди тарс парвозҳо анҷом медиҳанд.

Ҳомиди Хуросонӣ масъули амниятии Толибон дар Панҷшер дар нақши роҳбалад дар яке аз чархболҳо қарор дорад ва талош мекунад, то хандакҳои Ҷабҳаи муқовимати миллиро пайдо кунад.

Мулло Муҳаммад Ёқуб, Вазири дифои Толибон пас аз бозгашт аз вилояти Зобул ба Панҷшер рафтааст ва ба ҷанги зидди муқовиматгарони миллӣ раҳбарӣ мекунад.

Даҳҳо снайпер ва бомбгузорони маргталаб, ки аъзои Шабакаи террористии Ҳаққонӣ ҳастанд, вориди Панҷшер шудаанд.

Танкерҳои пур аз сӯзишвории зарурӣ барои чархбол ба Панҷшер интиқол дода шудаанд ва ин нишон медиҳад, ки амалиёти Толибон то рӯзҳои оянда идома хоҳад ёфт.

Чанде пеш як сангари нерӯҳои муқовимати миллиро Толибон ишғол карданд, аммо нерӯҳои таҳти фармондеҳии Ҷабҳаи муқовимат аллакай ба минтақаи дигар ақибнишинӣ карда буданд.

Аксари ҷангҷӯёни Толибон дар навоҳии Аноба ва Шатл ва манотиқи кӯҳистонӣ мустақар шудаанд.

Гуфта мешавад, ки Толибон барои ҷанг дар Панҷшер аз Толибони ӯзбектабор истифода мекунанд ва бештари ҷангҷӯёни ӯзбектабор дар хати аввали ҷанг қарор доранд.

Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ба Андароб ва минтақаҳои ҷанубии Панҷшер, ки ба вилояти Нуристон сарҳад дорад, ақибнишинӣ кардаанд ва бештар барои ҳамлаҳои чирикӣ дар Кобул тамаркуз мекунанд.

Толибон дар дараи Андароб низ амалиёти ҳавоӣ анҷом додаанд, вале хушбахтона касе аз он зарар надидааст. 

Ҳамлаҳои Ҷабҳаи муқовимат зиёдтар ба шаҳрҳо ва ба таври чирикӣ тамаркуз гирифтааст. Ахиран чандин мошинҳои Толибон дар Кобул мавриди ҳамлаи чирикӣ қарор гирифтаанд, ки размандагони Муқовимат масъулияти онҳоро ба ӯҳда гирифтаанд.

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, ки барои пешгирӣ аз талафоти мулкӣ онҳо амалиёти ҳадафманд анҷом медиҳанд ва дар 11 рӯзи охир дар саросари Афғонистон беш аз 57 ҷангҷӯи Толибонро куштаанд.

Муқовиматгарон барои ҷанги баҳорӣ омодагӣ мегиранд ва дар айни замон Толибон талош доранд, ки пеш аз баҳор ҷангҳоро дар нуқтаҳои аввал саркӯб кунанд.

Бояд гуфт, ки ин ҷангҳо сарнавишти баҳори ояндаро дар Афғонистон муайян мекунад.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Мушкилоти хизматрасонии тоҷик: Муқассир кист ва чӣ бояд кард?




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед