Ru  | Tj
"Арзиши олӣ": Ба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна тағйиротҳо ворид шуд?
"Арзиши олӣ": Ба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна тағйиротҳо ворид шуд?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

"Арзиши олӣ": Ба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна тағйиротҳо ворид шуд?

Нашр шуд

Соли 1991 пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон барои таҳияи тарҳи Конститутсияи нав як гурӯҳи корӣ таъсис ёфт. Каме дертар, баҳори соли 1992 матни Конститутсия барои муҳокимаи умум нашр шуд. Аммо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ касе ба ин чиз диққати ҷиддӣ намедод. 

Дар чунин шароит бо пешниҳоди тарафҳои мухолиф ба он тағйирот ворид карда шуд. Лоиҳаи нави Конститутсия баъди як сол нашр шуд ва як сол баъд, яъне 6-уми ноябри соли 1994 раъйпурсӣ оид ба қабули Конститутсияи нав ва интихоботи Президентӣ баргузор гардид. Ин Сарқонун аз 10 боб ва 100 модда иборат буд. Муаллифони он Ашӯрбой Имомов, Зариф Ализода, Халифабобо Ҳомидов, Раҳматулло Зойиров, Абдулмаҷид Достиев мебошанд.

Дар ин Сарқонун ягонагии давлату миллат, қудрати ҳокимияти президентӣ, ҳамчун забони давлатӣ қабул шудани забони тоҷикӣ ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо, инчунин вилояти худмухтор эълон шудани ВМКБ пешбинӣ шудааст.

Тағйиру иловаҳо

Тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба  тағйиру иловаҳо  ворид карда шуд: 26-уми сентябри соли 1999, 22 –уми июни соли 2003 ва 22 –уми майи соли 2016. 

Тағйироти аввал дар соли 1999 пас аз 2 соли имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба амал омад. Ба Конститутсия механизми консенсуси сиёсӣ ворид карда шуд, ки мувофиқи он ба қайд гирифтани ҳизбҳои дорои хусусияти динӣ иҷозат дода шуд. Дар ин тағйирот мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ аз 5 то 7 сол тамдид шуда, парлумони кишвар ба ду палата - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тақсим шуд.

Дар соли 2003 ба Сарқонун 56 тағйиру илова ба муҳокима пешниҳод шуда, аз рӯи натиҷаҳо ҳадди синну соли болоӣ барои номзадҳо ба мансаби президентӣ бардошта шуд ва мувофиқи тағйироти нав ба як нафар иҷозат дода шуд, ки зиёда аз 2 маротиба пай дар пай Президент интихоб шавад. 

Раъйпурсии сеюм оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонун соли 2016 баргузор шуда, дар он интихобкунандагон ба 1 савол посух доданд: Оё шумо тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишварро қабул мекунед? Хамагӣ 41 пункт қабул карда шуд. Дар натиҷа, синни номзадҳои ба президентӣ пешниҳодшуда, аз 35 ба 30-солагӣ иваз карда шуд. Дар Конститутсия мақоми «Пешвои миллат» муқаррар гардида, ба Эмомалӣ Раҳмон як қатор салоҳиятҳо, аз ҷумла ҳаққи пешниҳоди номаҳдуд ба мақоми президентӣ дода шуд. Яке аз муҳимтарин ислоҳот манъи фаъолияти ҳизбҳои дорои хусусияти мазҳабӣ ва миллатгароӣ дошта буд. 

Рақамҳо

Дар раъйпурсии соли 1994 беш аз 2,5 миллион нафар ширкат карда, 90 фоиз тарафдори қабули Конститутсияи нав буданд. Соли 1999 аз 2,6 миллион нафар овоздиҳанда, 75,3% ба ҷонибдории тағйиру иловаҳо ба Сарқонун овоз доданд. Дар соли 2006 шумораи интихобкунандагон каме камтар аз 2,5 миллион нафар буд, аммо шумораи онҳое, ки ба ин тағйирот розӣ буданд, ба таври ғайричашмдошт - 92,8% -ро ташкил дод.

Дар соли 2016 92 фоиз  интихобкунандагон дар раъйпурсӣ иштирок намуданд ва 96,6% интихобкунандагон ба ҷонибдории ислоҳот овоз доданд. 

Таҷрибаи ҷаҳонӣ

10 кишваре, ки дар тӯли чанд даҳсолаи охир ба Конститутсияи кишварашон ислоҳот ворид кардаанд, инҳо мебошанд: Муғилистон, Зеландияи Нав, Бразилия, Швейтсария, Австрия, Исроил, Чили, Колумбия, Гурҷистон ва Ҳиндустон.

Кадимтарин Конститутсияҳои ҷаҳон ин Конститутсияи кишварҳои Ҳолланд ва Норвегия мебошанд, ки соли 1814 қабул шудаанд.  Ба Конститутсияи Норвегия бештар аз 200 маротиба ва ба Конститутсияи   Голландия  бошад 24 маротиба тағйирот ворид карда шудааст. 

Ба Конститутсияи Швейтсария, ки соли 1999 қабул шудааст, 10 маротиба ва ба Конститутсияи Белгия, ки соли 1994 қабул шудааст, 12 маротиба тағйирот ворид шудааст.  Конститутсияи Ҷумҳурии Федералии Олмон, ки соли 1990 қабул шуда буд, аз 146 модда иборат аст, ки ба 100 моддаи он тағйирот ворид шудааст. Конститутсияи  Маҷористон, ки соли 2011  қабул шудааст шаш маротиба иловаҳо ворид карда шуда, ба 61 моддаи он тағйирот ворид шудааст.


Солим ва зебо, аммо бо умри кӯтоҳ. Нуриддин Давронов доир ба футболу футболбоз

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед