Ru  | Tj
Аз ҳашишу афюн то героину бангдона. Нишондиҳандаи мусодираи маводи мухаддир ва рекорди Хатлон
Аз ҳашишу афюн то героину бангдона. Нишондиҳандаи мусодираи маводи мухаддир ва рекорди Хатлон
Аксҳо: Интернет

Аз ҳашишу афюн то героину бангдона. Нишондиҳандаи мусодираи маводи мухаддир ва рекорди Хатлон

Нашр шуд

Бино ба омори Ожонси назорати маводи нашъаовар, дар Тоҷикистон мусодираи маводи мухаддир ва шумораи беморони нашъаманд, бавижа занҳо дар ду соли охир кам шудааст.

Ҳабибулло Воҳидзода, мудири Ожонси назорати маводи нашъаовар дар ин бора зимни нишасти матбуотии 3-юми феврал хабар дода гуфт, танҳо ин ниҳод дар соли 2022 аз муомилоти ғайриқонунӣ 520 кг 530 гр маводи нашъаовар мусодира намудааст. Ин омор дар соли 2021 танҳо аз ҷониби ожонси мазкур 357 кг 638 гр гуфта шуда буд.

Дар ин баробар аз ҷониби ҳама ниҳодҳои дахлдор дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 т 169 гр маводи нашъаовар мусодира карда шудааст. Ҳабибулло Воҳидзода мегӯяд, ин миқдор нисбат ба соли 2021 камтар ҳисобида мешавад.

 

Ҳабибулло Воҳидзода мегӯяд, дар кулл аз ин ҳисоб ба Вазорати корҳои дохилӣ 1 т 412 кг 456 гр (2021 – 2 т 29 кг 774 гр), Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 2 т 8 кг 481 гр (2021 – 1 т 663 кг 659 гр), Ожонси зиддифасод 34 кг 861 гр (2021 – 30 кг 727 гр) ва Хадамоти гумрук 23 кг 841 гр (2021 – 1 кг 121 гр) рост меояд.

Минтақаи мусодира: Хатлон рекорд мегузорад?

Дар ҳамин ҳол сарҳади вилояти Хатлон дар Тоҷикистон, ки ҳаммарз бо кишвари Афғонистон аст, нуқтаи асосии гузаронидани маводи мухаддир ба ҳисоб меравад.

Таҳлили омори Ожонси назорати маводи нашъаовар нишон медиҳад, ки дар дусолаи ахир аз вилояти Хатлон миқдори рекордии мусодираи маводи нашъаовар сабт шудааст.

Душанбе дар робита ба ошкорсозӣ ва мусодираи маводи мухаддир дар зинаи дувум ва вилояти Суғд дар мақоми сеюм қарор дорад. Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ дар савдои маводи мухаддир аз ҳама охир меистанд.

Ба гуфтаи Ҳабибулло Воҳидзода, дар пайи ин ошкорсозиҳо дар давоми соли 2022 аз ҷониби Ожонсӣ 99 (2021-134) парвандаи ҷиноятӣ нисбати 147 (2021-198) нафар ба додгоҳҳо ирсол гардида, ба ин васила ба молу мулки ҷинояткорон ба маблағи 1 млн 881 ҳазору 330 сомонӣ (2021-344 ҳазору 200 сомонӣ) ҳабс гузошта шудааст, ки нисбат ба соли 2021 ба маблағи 1 млн 537 ҳазору 130 сомонӣ зиёд мебошад.

“Дар ин робита бо ҳукми додгоҳҳо аз ҷинояткорон 99 ҳазору 900 сомонӣ маблағи пулии нақд, 9 адад автомашинаи гаронарзиш ба маблағи 1 млн 137 ҳазору 170 сомонӣ, телефонҳои мобилӣ ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ ва тамоку (сигарет) ба маблағи 640 ҳазору 260 сомонӣ ба фоидаи давлат мусодира карда шудааст”, - гуфт Воҳидзода.

Ҳамин тавр, аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар ҷумҳурӣ сабтшуда 3,1 дарсадро ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ташкил медиҳанд.

Ба Тоҷикистон кадом навъҳои маводи мухаддир ворид мешавад?

Дар ҳамин ҳол аз навъҳои гуногуни маводи мухаддир ба кишвари мо бештар ҳашиш ворид карда шудааст. Афюн, героин ва бангдона дар зинаҳои баъдӣ қарор доранд.

Беморон

Тибқи омори расмӣ, дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ 4381 нафар нашъаманд сабт гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2021 (4749 нафар) 368 нафар ё 7,7 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи мудири Ожонси назорати маводи нашъаовар, имрӯз дар Тоҷикистон ба 100 ҳазор аҳолӣ 43,8 бемори нашъамандӣ рост меояд.

Илова бар ин Ожонсӣ фаъолияти 37 (2021-47) гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 89 (2021-107) нафар ва 3 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаро дар ҳайати 6 нафар ошкор ва боздошт намудааст.

Дар соли қаблӣ Ожонсии назорати маводи нашъавор бо мақомоти салоҳиятдори Русия ду амалиёти муштарак гузаронидааст, ки дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 3 кг маводи нашъаовар мусодира карда шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед