Ru  | Tj
Аз марги ӯ 26 сол гузашт. Назаре ба фаъолияти эҷодиву журналистии Муҳиддин Олимпур
Аз марги ӯ 26 сол гузашт. Назаре ба фаъолияти эҷодиву журналистии Муҳиддин Олимпур
Аксҳо: Аз бойгонии Муҳиддин Олимпур

Аз марги ӯ 26 сол гузашт. Назаре ба фаъолияти эҷодиву журналистии Муҳиддин Олимпур

Нашр шуд

12-уми декабр аз қатли журналист, аккос ва адиби тоҷик – Муҳиддин Олимпур 26 сол пур гардид. 

Зиндагӣ ва рӯзгори пурфоҷиаи журналист

Ӯ ҳамчун аксбардор, муаллифи китобҳои “Раҳнамои суратгир” ва “Муҳиддини Олимпур - Бинишвари тоҷик” буда, дар рӯзномаву маҷалла ва китобҳои мухталиф садҳову ҳазорҳо акси намояндагони илму адаби саросари дунёро бардошта, нашр кардааст. 

Ӯ ҳамчун журналист сермаҳсул буда, сараввал барномаи овозадори Телевизиони Тоҷикистон - “Ситораҳои Шарқ”-ро солҳои 1988-1991  пеш мебурд. Барои бахши форсии радиои “BBC” аз охирҳои соли 1989 то интиҳои умраш фаъолияти пурсамар карда, аз авзои Тоҷикистон, бахусус хабарҳои фарҳангиро ба оламиён мерасонд. Ҳамчунин, дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” то охири умр фаъолият карда, қариб ҳар шумораи рӯзнома аксҳо ва матолибаш дар жанрҳои гуногун, аз ҷумла хабар, гузориш, мақола, мусоҳиба ва ғайра ба нашр мерасиданд. 

Ӯ ҳамчун публитсист ҳам маҳсули эҷоди фаровоне ба ёдгор мондааст. Гуфта мешавад, ки осори публитсистии Муҳиддин Олимпур асосан, сафарнома ва ба қавли муаллиф сафаргуфтаҳояшон ҳастанд. Ӯ аз сафари Амрико бо номи “Аз Душанбе то Лос-Анҷелес” сафаргуфтаи арзишноке дорад ва садҳо соат аз тариқи мавҷи радиои “BBC” пахш шудаанд.  Ӯ муаллифи китобҳои публитсистии “Ирон бӯи модар медиҳад”, “Тӯшаи чашм” ва “Гугуш... Ишқ фарёд кунад...” мебошад. Ҳамчунин, дар бораи сафарҳои Италияву Молдава, Испанияву Озорбойҷон ва дигар кишварҳои сафаркардааш филме ба навор гирифтааст, ки онҳо ҳам оҳанги публитсистӣ доранд. 

Муҳиддин Олимпур 2-юми марти соли 1946 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ дар хонадони кишоварз ба дунё омадааст. Рӯзноманигорро ба таври фоҷеабор шаби 12-уми декабри соли 1995 нохалафон ба қатл расонданд ва асрори қатли ӯ то имрӯз яке аз мавзӯъҳои баҳсталаби матбуоти мо мебошад. Бо вуҷуди дар матбуот будани чандин таҳқиқотҳо, фикри ғолиб ин аст, ки сабаби ба қатл расонидани вай ҳамоно муаммо боқӣ монда аст. 

То ҷойе маълум аст, қотилон ниқобро ба рӯй кашида, бегоҳии 12-уми декабри соли 1995 Муҳиддин Олимпурро аз истгоҳи рӯ ба рӯйи Иттифоқи нависандагон ба мошинашон савор карда, аз болои пули дарёи Душанбе гузаштанд. Дар маҳаллаи  маъруф ба  “Ҷазира”, яъне Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ду тир риштаи умри журналистро канданд. 

Субҳи 13-уми декабр дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷасади  пурармони  журналисти ғӯрамарг  мехобид.  Аксари  донишҷӯёни ДМТ ҷасади хуншори ӯро  дида буданд,  аммо  аз тарс ва ваҳми зиёд ба он наздик намешуданд. Пас аз чанде полисҳо омада, ҷасади шаҳидро бурданд. Аммо то ҳол аз ӯ ва маргаш мегӯянду мегӯем.

Гуфта мешавад, ки қотилони Муҳиддин Олимпур маълум шуда, аллакай дар ин дунё ҷазояшонро гирифтаанд. Нозим Юнусов 12-уми июли соли 1999 дар деҳаи “Чашма”-и Кофарниҳон дар натиҷаи як амалиёти вижаи нерӯҳои Вазорати корҳои дохилии кишвар кушта шуд. 13-уми сентябри  соли 1999  ҷасади қотили дигараш Муртазо Ҳомидовро ба хонаи падараш бурданд. Қотили сеюм Шарипов Насрулло соли 1998 дар Ленинград ба муҳлати 7 солу 1 моҳ ҳабс шуда буд, аммо баъдтар бо дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тоҷикистон оварда шуд. Тибқи маълумоти Суди Олии кишвар 6-уми октябри соли 2008 Додгоҳи Олии кишвар Насрулло Шариповро ба 15 соли маҳрумӣ аз озодӣ равонаи зиндон кардааст. Ҳамчунин, қотилони дигар, аз ҷумла Аслам Усмонов, Адҳам Тоҳиров ва Назрибек Давлатов зиндонӣ шуданд.

Даргоҳи рӯзнома, телевизион ва радио

Муҳиддин Олимпур ҳамчун журналисти сермаҳсул шинохта шудааст. Ӯ дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” то охири умр кор кардааст. Риштабарномаҳои сафаргуфтаҳояш, ки бо унвони “Аз Душанбе то Лос-Анҷелес” аз радиои BBC садо доданд. Тоҷикистонро ба шунавандагони эронӣ, ки аз пайвандҳои кишвари худ бо Тоҷикистон огоҳии чандоне надоштанд ба хубӣ шиносонд. Ӯ дар оростани яке аз жанрҳои раддаи аввали матбуоти дирӯзу имрӯз - мусоҳиба шеваи муассир ва ҳусни баёни фарқкунанда дошт. Ин буд, ки М. Олимпур чун беҳтарин журналист ба дарёфти ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ шарафёб гардид.

Баъд аз хатми Омӯзишгоҳи рассомӣ М. Олимпур ба ҳайси аккос ва ороишгар дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ба фаъолият пардохт. Аммо ба сарчашмаи дигар ӯ соли 1965 Омӯзишгоҳро хатм кардааст, вале дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” соли 1968 ба фаъолият оғоз кардааст. Маълумотҳое ҳастанд, ки ба кор оғоз кардани Муҳиддин Олимпурро соли 1967 нишон медиҳанд. Вале дар натиҷаи таҳқиқи ҳуҷҷатҳо маълум шуд, ки рӯзноманигор соли 1965 дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” корро шурӯъ кардааст.  

Муҳиддин Олимпур бо тамоми ҳастӣ ба кори рӯзнома машғул шуда,  дар муддати кӯтоҳ ба воситаи навиштаҳову тасвирҳояш шинохта шуд. Чанд сол кор карданашро дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ҳеҷ сарчашмае дақиқ нишон надодааст. Ва тахминҳо мераванд, ки то рафтан ба  ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” он ҷо фаъолият кардааст. 

Агарчи М. Олимпур дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” вазифаи рассом-суратгирро ба ӯҳда дошт, аммо қариб дар ҳар шумораи ҳафтанома хабару гузоришҳо, мақолаву лавҳаҳо ва мусоҳибаҳояш ба нашр мерасиданд. 

Тибқи иттилои мавҷуда, сармуҳаррири вақти ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” Аскар Ҳаким лоиҳаи омӯзиши хати ниёгонро ба Муҳиддин Олимпур пешниҳод мекунад. Бо дастгирӣ ва кӯмаки бевоситаи рӯзноманигор лоиҳа яке аз беҳтарин лоиҳаҳои ҳафтанома пазируфта шуда, тӯли 52 шумора, яъне як соли фаъолияти ҳафтанома нашр мешавад. Соли дигар бо дархости зиёди хонандагони ҳафтанома нашри лоиҳа давом ёфт. Ба ин мазмун Аскар Ҳаким дар маҷмӯаи мақолоте, ки ёдномаҳои дӯстони М. Олимпур ҷамъ оварда шудаанду бо номи “Ҷои ӯ дар дида буд...” нашр шуда аст, навиштааст: “Хонандагони “Адабиёт ва санъат” хати ниёгонро агар омӯхта бошанд ва имрӯз, агар теъдоди бисёр бузурги мардуми тоҷик ба ин хат ошно бошанд, дар он хизмати бевоситаи Муҳиддин Олимпур ҳаст”.

Муҳиддин Олимпур чун як шахсияти фарҳангӣ мухлис ва мубаллиғи шахсиятҳои нодири фарҳанги форсизабонон ва чеҳраҳои ҳунар дар Тоҷикистон буд. Ӯ бо ин пеша падид омад ва касби шӯҳрат кард. Ба иттилои собиқ саркоргардони Телевизиони Тоҷикистон ва ҳамзамон коргардони барномаи “Ситораҳои Шарқ” – Ҳалим Сангинов,  Муҳиддин Олимпур соли 1988 дар Телевизиони Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кардааст. Барномаи “Ситораҳои Шарқ” ба М. Олимпур шӯҳрати ғайриинтизор овард. Ӯ дар ин барнома кори дӯстдоштаи худро, яъне рӯзгори пурмуаммои ҳунармандони Шарқро ҷустуҷӯ мекард. 

Ҳалим Сангинов бештари муваффақияти барномаҳоро ба ҳунари таҳия ва дилбастагии Муҳиддин Олимпур ба осор ва зиндагии овозхонҳо ва ҳунармандони Шарқ медонад. Дар он солу рӯзҳо кам нафареро ёфтан мумкин буд, ки ба санъат ва фарҳанги форсизабонон ба мисли Муҳиддин Олимпур фикр кунад ва онро дӯст дорад. 

Фаъолияти Муҳиддин Олимпур дар Телевизиони Тоҷикистон, ки ба солҳои 1988-1991 рост меояд, яке аз давраҳои беҳтарини умри ҳам Телевизиони Тоҷикистон ва ҳам журналист шуморида мешавад. 

Дар се соли фаъолият таҳиякунандагони барномаи “Ситораҳои Шарқ”-Муҳиддин Олимпур, Ҳалим Сангинов ва Ҷобир Азизмуродов беш аз 15 барнома омодаву пахш карданд. “Ситораҳои Шарқ” дар бораи ҳунармандоне чун Аҳмад Зоҳир, Гугуш, Ҳангома, Маҳастӣ, Раҷ Капур, Амитабх Баччан ва дигарон ба бинандагони Телевизиони Тоҷикистон маълумоти кофӣ дода буд. 

Муҳиддин Олимпур дар як вақт ҳам дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, ҳам дар Телевизиони Тоҷикистон ва ҳам дар бахши форсии радиои “BBC” фаъолият кардааст. 

Бо таваҷҷуҳ ба авзои Тоҷикистон дар он замон Муҳиддин Олимпур дар кори хабаррасонӣ дар симои худ журналисти воқеиро нишон медод, ба он маъно, ки гузоришҳояш мутаодилу бетарафона буданд, ки ин хусусият дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ хеле кам мушоҳида мешуд. Нигоҳ накарда ба фазову муҳити номусоид М. Олимпур ҳамеша кӯшиш мекард, ки воқеоти холиси ҳаводисро аз Тоҷикистон ба оламиён гузориш диҳад ва пайваста дар талоши он буд, ки ҷаҳониён Тоҷикистонро бештар бо ҳунару фарҳанги ғанияш бишносанд.

Муҳиддин Олимпур дар бахши форсии радиои BBC то охири умр фаъолият кардааст. Бештари маҳбубият ва шинохта шуданаш маҳз бо ташаббуси сафаргуфтаҳояш аст, ки бо номи “Аз Душанбе то Лос-Анҷелес” дар шакли МР3 аз ҷолибтарин бахши форсии радиои Би-би-сӣ ба дасти ҳаводорон ва мухлисонаш расидааст. Ба қавли журналист Суҳроби Зиё аз ӯ дар радиои BBC худи мафҳуми “сафаргуфта” боқӣ монда аст.  

Ҳунари аккосӣ

Муҳиддин Олимпурро аксарият пеш аз ҳама ҳамчун аксбардор мешиносанд. Ӯ давоми фаъолияти эҷодияш дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ва ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” акси садҳо инсонҳои некном ва фарҳангии дунёи илму адабро бардоштаву дар як муддати кӯтоҳ ба унвони беҳтарин аккос муаррифӣ шуд. 

Ӯ дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳояш аксҳои беҳтарин намояндагони илму адабро ба монанди Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Ато Муҳаммадҷонов, Нуқра Раҳматова, Гулрухсор Сафиева, Гугуш, Марям Исоева, Г. Абадшидзе, Малика Қаландарова, Саттор, Ҳангома ва дигаронро бо як услуби фарқкунанда ва хоси худ мунташир кардааст.

Ҳама аксҳои ӯ дар худ сухан доштанд ва бинандаро аз ҳодисаву воқеа, рӯзи гарму сард, мушкиливу пешравӣ, хандаву ғам хабар мекарданд. Ӯ аксро ба хотири акс намебардошт. 

Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ Муҳиддин Олимпур аз ҳар ду майдон акс мебардошт. Аксҳояш симои ӯро ҳам нависанда, ҳам публитсист ва ҳам журналист муаррифӣ мекарданд. Дар он рӯзҳои мудҳиш бо воқеоти замон саҳифаҳои китобашро аз ранг пур мекард. Барои ояндагон, барои он ки мардум аксҳоро бинанду худ қазоват кунанд ва дар пеши таърих ба гунаҳкорон нафрат фиристанд. Аксҳои Муҳиддин Олимпур таърихи зиндаи мо буданд. 

Дар мавриди ба намоиш гузоштани маҳсули аккосии Муҳиддин Олимпур сарчашмаҳо хеле зиёданд ва ҳар нафаре, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ӯ чизе навиштааст ба ин масъала низ аз зовияҳои гуногун таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Қабл аз ҳама намоиши аксҳои М. Олимпур дар Олмон баргузор шуда буд, ки он замон ин хабар ба Тоҷикистон, хусусан имиҷи таърихи бой ва фарҳанги ғанияш таъсири мусбат расонид. 

Дақиқ маълум нест, ки дар вақти қайди ҳаёт буданаш чанд маротиба намоиши аксҳояш баргузор гардидаанд, вале Шаҳрзоди Амин дар ҳафтаномаи “СССР” дар  хусуси ба маърази тамошо гузоштани аксҳои  аккос пас аз маргаш соли 2015 навиштааст: “Пас аз марги Олимпур то кунун 7 намоиши аксҳояш, аз ҷумла “Гулдухтарони тоҷик”, Афғонистон аз нигоҳи дӯст”, “Пирмардон” намоиш дода шуданд”.

Соли 2001 дар интишороти “Шарқи Озод” бо номи “Тоҷикистон-кишвари азизи ман” бархе аз осори аккосии Муҳиддин Олимпур ба намоиш гузошта шуда буд. 

Гулрухсор Сафиева ва Мирзо Шукурзода бо мақсади оламиён бидонанд, ки яке аз фарҳангиён ва мубаллиғони фарҳанги тоҷик Муҳиддин Олимпур буд, хостгори таъсиси хонамузейи Олимпур буданд, аммо то ба ҳол ин кор ҳалли худро наёфтааст. На аз тарафи Конуни байналмилалии Олимпур ва на аз ягон ҷониби дигар барои таъсиси чунин як осорхона коре карда нашудааст.

Осори публитсистӣ

Беҳтарин нигоштаҳо ва мақолаҳои Муҳиддин Олимпур дар китобҳои “Чаҳорбоғи гулҳо”, “Гугуш... Ишқ фарёд кунад...”, “Тӯшаи чашм”, “Ирон бӯи модар медиҳад” ва ғайра гирд омадаанд. Дар ин маврид Ҳамза Камол муқарризи китоби “Ирон бӯи модар медиҳад” дар пешгуфтори ин китоб навиштааст: “Ӯ бо муҳаббат ва самимият аз сарнавишти ҳамзабонони хеш, ки бо амри тақдир маскангузини гӯшаву канори дунё шудаанд, ҳикоят намуда ва бад-ин васила бузургӣ ва меҳри ватанро бештар тараннум кардааст”. 

“Ирон бӯи модар медиҳад” аз дувоздаҳ гуфтор ё сафаргуфта иборат аст. Муаллиф дар ҳар боби китоб аз ҷою маконе ҳарф мезанад, ки аксар суханҳояш нав ва самимиянд. 

Китоби “Ирон бӯи модар медиҳад” аз сафари Муҳиддин Олимпур ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 1991 хабар медиҳад. Ин китобро соли 1997 Конуни байналмилалии Олимпур, ки раиси вақтияш Ҳамза Камол буд, бо теъдоди 1000 нусха чоп кардааст. 

Бояд тазаккур дод, ки Конуни байналмилалии Олимпур пас аз ду моҳи вафоташ дар моҳи феврали соли 1996 таъсис ёфта буд. 

Асари дигари хусусияти публитсистӣ доштаи М. Олимпур “Тӯшаи чашм” ном дорад. “Тӯшаи чашм” бо муҳарририи А. Қаҳҳоров соли 1990 дар ҳаҷми 112 саҳифа ба нашр расидааст. Ин китоб аз сафарҳои муаллиф ба кишварҳои Фаронса, Тунис, Шри-Ланка ва Ҳиндустон қисса мекунад. Ҳамчунин, Муҳиддин Олимпур доир ба зиндагӣ ва расму оини халқҳои ин мамлакатҳо, сарчашмаҳои дӯстии онҳо бо халқи советӣ гуфта аст. 

“Тӯшаи чашм” маҳсули дидаҳову шунидаҳои Муҳиддин Олимпур аст. Муаллиф сафари кишвари Фаронсаашро ба бобҳо ё гуфторҳои зерин ҷудо кардааст: “Роҳ”, “Салом, Париж!”, “Қадамгоҳи доҳии маҳбуб”, “Шиносоӣ бо Лувр”, “Дар маҳаллаи донишҷӯён”, “Вохӯрӣ бо Хайём”, “Ёди Леонардои бузург” ва “Версал”. Дар ин бобҳо қабл аз ҳама ҷустуҷӯйи маълумоти нав ва муқоисакунии муаллиф мушоҳида мешавад. 

Хулоса, Муҳиддин Олимпур, аккос, журналист ва публитсист тӯли умри худ ҳамеша дар талош ва ҷустуҷӯйи ҳаводису рӯйдоди фарҳангӣ буд. Ӯ тараннумгари дӯстӣ ва миёни аҳли башар мубаллиғи фарҳанги форсизабонон буд. 


Ногуфтаҳои зиндагии шахсии Месси. Ӯ чӣ гуна фотеҳи қуллаҳои баланд шуд?




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед